Қодири Қосим Федератсияи иттифоқҳои касабаро ба роҳбарӣ гирифт

Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон доир гардид, ки дар он раиси нави ин Федератсия интихоб шуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар қисмати ташкилӣ аризаи собиқ Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Салимзода Шерхон Одина бинобар ба кори дигар гузаштанаш шунида шуд ва бо овоздиҳии кушода ҷонибдорӣ ёфт. Сипас, номзадии Қодири […]

АМИТ «Ховар»

Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон доир гардид, ки дар он раиси нави ин Федератсия интихоб шуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар қисмати ташкилӣ аризаи собиқ Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Салимзода Шерхон Одина бинобар ба кори дигар гузаштанаш шунида шуд ва бо овоздиҳии кушода ҷонибдорӣ ёфт.

Сипас, номзадии Қодири Қосим, собиқ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсат ва аъзои Шӯро ба вазифаи Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон пешниҳод ва тасдиқ карда шуд.

Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли гузашта Шерхон Салимзода бо фармони президенти Тоҷикистон роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҷумҳурӣ таъин шуд. Қодири Қосим санаи 23 январ аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ озод шуда буд.

Қодири Қосим 9 апрели соли 1961 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишкадаи ( ҳоло Донишгоҳи) кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси «агроном» хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро ҳамон сол ба ҳайси агрономи совхози Федченкои ноҳияи Ванҷ шурӯъ кардааст.

Минбаъд дар вазифаҳои сарагрономи совхози «50-солагии СССР»-и ноҳияи Ванҷ, директори совхози «Россия»-и ноҳияи Ванҷ, инструктори КМ Комсомоли Тоҷикистон, котиби дуюми кумитаи вилоятии Комсомоли Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати кишоварзии ВМКБ, Раиси ноҳияи Ванҷ, муовини аввали Раиси ВМКБ, муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси ВМКБ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.