Даргузашти намояндаи доимии Русия дар СММ

Намояндаи доимии Русия дар СММ Виталий Чуркин, ки пас аз як рӯз 65-сола мешуд, дар шаҳри Ню-Йорк аз олам даргузашт. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Вазорати умури хориҷии Русия, сабаби фавти ногаҳонии дипломатро нашрияи амрикоии "Ню-Йорк пост" ба сактаи дил бастагӣ додааст. Гуфта мешавад, вазъи Чуркин дар ҳоле якбора […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Намояндаи доимии Русия дар СММ Виталий Чуркин, ки пас аз як рӯз 65-сола мешуд, дар шаҳри Ню-Йорк аз олам даргузашт.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Вазорати умури хориҷии Русия, сабаби фавти ногаҳонии дипломатро нашрияи амрикоии "Ню-Йорк пост" ба сактаи дил бастагӣ додааст.

Гуфта мешавад, вазъи Чуркин дар ҳоле якбора бад шуд, ки дар намояндагии дипломатии Русия ҳузур доштааст. Вақте мошини "Ёрии фаврӣ" ӯро ба бемористон мерасонад, "вазъаш бад ва аз ҳуш рафта будааст".

Зимнан зикр мегардад, ки Виталий Чуркин соли 1974 Донишкадаи равобити байнулмилалии Москваро хатм кард. Ҳамчун корманди шӯъбаи тарҷумаи Вазорати умури хориҷии СССР дар солҳои 1970 гуфтушунидҳо бо ИМА-ро тарҷумонӣ кардааст. Сипас сафири Русия дар Белгия ва Канада буд. Чуркин аз соли 2006 ба ин сӯ намояндаи доимии Русия дар СММ ва Шӯрои Амният буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.