Ҳалокати 4 мушовири ҳарбии Русия дар Сурия

Дар Сурия чаҳор мушовири ҳарбии Русия кушта ва дуи дигар захмӣ шуданд. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба "Интерфакс", дар натиҷаи таркиши минаи фугас дар Сурия чаҳор мушовири ҳарбии Русия кушта ва ду тани дигар захмӣ шуданд. Гуфта мешавад, қатори техникаи ҳарбии Сурия аз наздикии фурудгоҳи Тиёс ба самти Хумс […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Сурия чаҳор мушовири ҳарбии Русия кушта ва дуи дигар захмӣ шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба "Интерфакс", дар натиҷаи таркиши минаи фугас дар Сурия чаҳор мушовири ҳарбии Русия кушта ва ду тани дигар захмӣ шуданд.

Гуфта мешавад, қатори техникаи ҳарбии Сурия аз наздикии фурудгоҳи Тиёс ба самти Хумс ҳаракат мекард ва дар зери мошине, ки мушовирони Русия савори он буданд, бомбаи ба воситаи радио идорашаванда мунфаҷир гаштааст.

Зикр мегардад, ки амалиёти ҳарбии Русия дар Сурия 30 сентябри соли 2015 сар шудааст. Аз он вақт то ҳоло Вазорати дифои Русия ҳалокати 30 низомиро тасдиқ кард. Ҳамзамон Москва борҳо изҳор доштааст, ки ҳарбиёнаш дар амалиёти заминӣ ширкат намекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.