Коҳиши содироти ангишти Қирғизистон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон

Бар асари коҳиши ҳаҷми содирот ба Тоҷикистону Ӯзбекистон, истихроҷи ангишт дар Қирғизистон кам мешавад. Бино ба маълумоти васоити хабори умуми ин кишвар, дар муқоиса бо соли пешин соли 2016 ҳаҷми истихроҷи ангит дар Қирғизистон ба миқдори 136 ҳазор тонна кам шуда, яке аз сабабҳои асосии он мавҷуд набудани бозори фурӯш, яъне коҳиши босураъати содироти он […]

Бар асари коҳиши ҳаҷми содирот ба Тоҷикистону Ӯзбекистон, истихроҷи ангишт дар Қирғизистон кам мешавад.

Бино ба маълумоти васоити хабори умуми ин кишвар, дар муқоиса бо соли пешин соли 2016 ҳаҷми истихроҷи ангит дар Қирғизистон ба миқдори 136 ҳазор тонна кам шуда, яке аз сабабҳои асосии он мавҷуд набудани бозори фурӯш, яъне коҳиши босураъати содироти он ба Тоҷикистону Ӯзбекистон унвон мешавад.

Иқтисоди Тоҷикистон айни замон амалан пурра аз ҳисоби истихроҷи ангишт дар дохили кишвар таъмин мешавад. Моҳи марти соли 2013 бо қарори ҳукумат содироти ангишт ба хориҷи кишвар манъ шуд.

Шурӯъ аз соли 2014 дар Тоҷикистон ҳар сол рекорди ҳаҷми истихроҷи ангишт тағйир меёбад: 870 ҳазор тонна – соли 2014; беш аз 1 млн. тонна – соли 2015 ва 1,3 млн. тонна – соли 2016. То соли 2010 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 200 ҳазор тонна ангишт истихроҷ мешуд.

Ба истеҳсоли ин навъи сӯзишворӣ дар 14 кони ҷумҳурӣ 19 корхона машғул мебошанд. Корхонаҳои нисбатан бузург – КФ «Ш.Фон-Яғноб»,  ҶДММ «Талко-Ресурс», КФ КА «Зиддӣ» ва ҶСК «Ангишт» буда, вале айни замон на ҳамаи корхонаҳо фаъолият доранд, чунки чанде аз онҳо мавсимӣ кор мекунанд.

Айни замон беш аз 200 корхона дар ҷумҳурӣ ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.