Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар шаҳри Оши Қирғизистон миёни дастаҳои «Дордой» (Бишкек) ва «Ҳосилот» (Фархор) бозии аввали марҳилаи интихобии роҳёбӣ ба даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 доир мегардад. Оғози бозӣ соати 13-00 ба вақти маҳаллӣ. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари […]

АНОНС

– Дар шаҳри Оши Қирғизистон миёни дастаҳои «Дордой» (Бишкек) ва «Ҳосилот» (Фархор) бозии аввали марҳилаи интихобии роҳёбӣ ба даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 доир мегардад. Оғози бозӣ соати 13-00 ба вақти маҳаллӣ.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.9549 сомонӣ;

1 евро – 8.4449 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1358 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2003 — Дар Душанбе маросими имзои созишнома миёни ҳукумати ҶТ ва Барномаи рушди СММ дар бораи кумак ба ҶТ дар таҳияи қонуни нав дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва худидоракунии маҳаллӣ баргузор шуд.

2012 — Дар Маскав маросими пуршукӯҳи ифтитоҳи Маркази фарҳанги тоҷикони «Хайём» доир гардид.

2013 — Дар Тоҷикистон қонун дар бораи ба гарав гузоштани замин қабул шуд.

1921 — Мавлуди тарҷумон ва журналист Иброҳим Раҳматов.

1940 — Зодрӯзи доктори илмҳои биология, профессор Оғоназар Ҳақназаров.

1948 — Мавлуди овозхон, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Назаралӣ Холов.

1948 – Зодрӯзи нависанда ва публисист Муҳаммадҷон Мирзошоев.

1953 — Мавлуди актрисаи театр, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Истад Муҳаммадҷонова.

1959 – Зодрӯзи Рустам Назаров, собиқ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, айни замон раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3-8, рӯзона +1+6; дар доманакӯҳҳо шабона -9-14, рӯзона -2-7.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3-8, рӯзона +5+10; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона 0+5.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -10-15, рӯзона -1-6; дар шарқ шабона -15-20, рӯзона -8-13.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3-8, рӯзона +1+6; дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -2-7. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +2+4.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +2+4.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -10-12, рӯзона -4-6.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.