Тошканд қабули ҳавопаймо аз Тоҷикистонро рад кард

Парвози ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» бо хатсайри Душанбе – Тошканд, ки имрӯз бояд ба анҷом мерасид, амалӣ нашуд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ин робита иттилоъ доданд, субҳи имрӯз фурудгоҳи Тошканд ба унвони ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон дар бораи рад шудани парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри аввал огоҳинома ирсол карда, дар нома сабабҳои […]

Парвози ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» бо хатсайри Душанбе – Тошканд, ки имрӯз бояд ба анҷом мерасид, амалӣ нашуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ин робита иттилоъ доданд, субҳи имрӯз фурудгоҳи Тошканд ба унвони ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон дар бораи рад шудани парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри аввал огоҳинома ирсол карда, дар нома сабабҳои рад шудани парвоз зикр наёфтааст.

Хотиррасон шуд, ки ҳанӯз 10 феварал зимни гуфтушунидҳо дар Тошканд ба ширкати «Сомон Эйр» оид ба анҷом додани парвозҳо ба фурудгоҳи Тошканд аз 20 феврал иҷозатномаи истифодабарӣ дода шудааст, аммо имрӯз доир ба рад шудани иҷрои парвоз аз фурудгоҳи Тошканд огоҳинома расидааст.

Зимнан зикр гардид, ки бо ҳавопаймои аввал тариқи хатсайри Душанбе – Тошканд бояд 26 нафар мусофирон ба пойтахти Ӯзбекистон парвоз мекарданд.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои ба таъхир афтодани ин парвоз аз ҳама мусофирон маъзарат хоста, маблағҳои харҷшудаи мусофирон бозпас баргардонида ва ҳамчунин барои чанде аз онҳо билетҳояшон  ба хатсайри Душанбе – Хуҷанд иваз карда шудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.