Дастрасии лағви таҳримҳои зидди Русия ба ёвари президенти ИМА пеш аз истеъфо

Як ҳафта пеш аз истеъфояш ёвари президенти Амрико дар умури амнияти миллӣ Майкл Флинн аз афроди наздик ба Трамп бастаи пешниҳодҳои лағви таҳримҳои зидди Русияро дар матни ҳалли авзои Украина дастрас кардааст. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба New York Times, дар таҳияи ин пешниҳодҳо вакили шахсии Трамп – Майкл […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Як ҳафта пеш аз истеъфояш ёвари президенти Амрико дар умури амнияти миллӣ Майкл Флинн аз афроди наздик ба Трамп бастаи пешниҳодҳои лағви таҳримҳои зидди Русияро дар матни ҳалли авзои Украина дастрас кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба New York Times, дар таҳияи ин пешниҳодҳо вакили шахсии Трамп – Майкл Коэн, коршарики президент ва зодаи СССР — Феликс Сатер, ки ба ӯ дар пайдо кардани тарҳҳои тиҷоратӣ дар Русия кумак мекардааст ва Андрей Артеменко, қонунгузори украин, мухолифи ҳукумати феълии Киев ширкат кардаанд. Артеменко ошкоро робитаҳояшро бо Кремл тасдиқ мекунад ва мегӯяд, далелҳои фасодзадагии президенти Украина Порошенкоро дар даст дорад.

Тарҳи сулҳ баровардани ҳамаи нерӯҳои Русияро аз Украинаи Шарқӣ ва баргузории референдуми Украинаро барои ба муддати 50 ё 100 сол ба Русия иҷора додани Қрим дар назар дорад. Нашрия ба нақл аз Артеменко менависад, тарҳи мазкур аз пуштибонии ёварони Путин бархӯрдор аст.

Дар оғози солҳои 2000-ум Артеменко бо айбномаи сирқати пул дуним солро дар маҳбаси Украина гузаронд, вале баъдан ин айбнома бекор карда шуд. Феликс Сатер ягон бист сол пеш гуноҳи худро дар қаллобии биржавие иқрор кард, ки дар он мафия даст дошт. Дафтари федероли пажӯҳиш (FBI) дар ҳоли ҳозир эҳтимоли тамоси Майкл Коэн ва атрофиёни дигари Трампро бо мақомоти баландпояи хадамоти махфии Русия тафтиш мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.