Telia аз Тоҷикистон расидагӣ ба мушкилашро дархост кард

Радиои Озодӣ

Ҷоҳан Деннелайнд, мудири иҷроияи ширкати “Телиа компани”-и Шведсия бо ирсоли як номаи боз ба унвонии Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ ва Озода Раҳмон, раҳбари дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон, аз онҳо хостааст, ки ба мушкилоти бахши тоҷикистонии ин ширкат – Tcell, расидагӣ кунанд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ дар ин робита, Даннелайн гуфтааст, ки ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта ин ширкат 60 дарсад боқимонда саҳмияҳои худро ба Созмони рушди иқтисодии Бунёди Оқохон фурӯхта буд ва он бояд аз сӯи Оҷонсии зиддиинҳисории Тоҷикистон таъйид мешуд. Аммо Деннелайн гуфтааст, мӯҳлати таъйид ҳанӯз 29-уми ноябри соли 2016 сипарӣ шуд, аммо ҳанӯз ҳам Оҷонсии зидди инҳисории Тоҷикистон ин додуситадро таъйид накардааст.

Ин мақоми ширкати "Телиа" гуфтааст, ки то ҳанӯз ширкат “посухе возеҳе” аз ҷониби Оҷонсии зиддиинҳисорӣ нагирифтааст ва сабаби таъйид нашудани додуситади саҳмияҳо бо Созмони рушди иқтисодии Бунёди Оқохонро намедонанд.

Деннелайн ҳамчунин аз талабҳои ба таъбири ӯ “ғайриқонуни андоз” низ ёдовар шуда ва гуфтааст, ки ин даъво ширкатро дар вазъияти душворӣ молӣ қарор додааст. Бар замми даъвоҳои андозӣ, таъйид нашудани додуситадҳо аз ҷониби Оҷонсии зиддиинҳисорӣ ба гуфтаи Деннелайн, “Тоҷиктелеком” — ширкати давлатии мухобиротӣ низ қарзашро дар назди Tcell пардохт намекунад. Ҳарчанд Деннелайн андозаи ин қарзро зикр накардааст, аммо гуфтааст ҳамаи ин ҳолатҳо “дар маҷмӯъ ширкатро дучори фишори сахтми молиявӣ кардаанд ва ин ба он маъност, ки қисмати муҳими бахши мухобироти Тоҷикистон зери хатар қарор дорад”.

Ӯ аз мухотабонаш (Қоҳир Расулзода, Сироҷиддин Аслов ва Озода Раҳмон) хостааст, то ҳамаи чораҳои мумкини дар дасташон бударо барои ҳалли ин мушкил истифода кунанд. Ба навбаи худ Деннелайн гуфтааст, ӯ ва намондагони Созмони рушди Бунёди Оқохон омодаи мулоқот бо онҳо ҳастанд.

Ширкати мобилии “Telia Sonera”-и Шветсия — молики ширкати мобилии Тсел дар Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ бо нашри як изҳорот гуфт, мақомоти андози Тоҷикистон ин ширкатро 155 миллион сомонӣ, муодили 20 миллион доллар ҷарима бастаанд. Ин ширкат дар изҳороти расмиаш дар сомонаи хеш, ки санаи 17 январ нашр шуд, гуфта буд, мақомоти андози Тоҷикистон дар пайи як санҷиш, ки давраи аз моҳи майи соли 2015 то июни соли 2016-ро дар бар мегирифт, ширкати Тсел-ро ба пардохт накардани андоз муттаҳам кардаанд. Тибқи изҳороти “Telia Sonera”, мақомоти андози Тоҷикистон ин ширкатро ҳоло муваззаф кардаанд, ки 155 миллион сомонӣ қарзу ҷаримаҳоро пардохт кунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.