Трамп фармони нави манъи вуруди шаҳрвандони 6 кишвари мусулмоннишинро имзо кард

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти ИМА Доналд Трамп баъди он ки додраси федеролӣ иҷрои фармони ӯро боздошт, фармони наверо имзо кард, ки вуруди шаҳрвандони шаш кишвари мусулмоннишинро муваққатан ба Амрико манъ мекунад.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Кохи сафед низ ба имзо расидани ин фармони Трампро, ки додани раводид (виза)-и Амрикоро ба шаҳрвандони Эрон, Яман, Либия, Сурия, Сомалӣ ва Судон то 90 рӯз манъ мекунад, тасдиқ кардааст.

Шаҳрвандони шаш кишвари мазкур, ки алакай раводиди ИМА-ро доранд, аз ҳаққи сафар ба Иёлоти Муттаҳида маҳрум нахоҳанд шуд. Фармони бознигаришудаи Трамп, ки 16 март ба иҷро медарояд, ҳамчунин барномаи қабули муҳоҷиронро ба Амрико то 120 рӯз мутаваққиф мекунад.

Фармони пешини муҳоҷирати Трамп, ки 27 январ имзо шуд, вуруди шаҳрвандони ҳафт кишвари мусулмоннишин, аз ҷумла Ироқро ба ИМА то 90 рӯз манъ мекард. Вале фармони нав додани раводидро ба шаҳрвандони Ироқ иҷозат медиҳад. Ин фармон ҳамчунин ба шаҳрвандони шаш кишвар, ки муқими доимии Амрикоанд, дахл надорад.

Трамп исрор дорад, ки вуруди шаҳрвандони кишварҳои мусулмоннишин ба Амрико барои таъмини амнияти кишвараш манъ карда мешавад. Вале мунаққидонаш ӯро ба табъизи динӣ айбдор мекунанд. Кохи сафед мегӯяд, ин иддао асос надорад.

Моҳи феврали соли равон Додгоҳи федеролии Сиэтл дар пайи баррасии даъвои мақомоти маҳаллӣ иҷрои фармони президент Трампро муваққатан боздошт. Вазорати адлияи ИМА аз болои ин қарор шикоят бурд, вале рад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...