Болоравии нархҳо: роҳ, доллар, ҳаннотӣ…

Тимур Амиров, Asia-Plus

Сарфи назар аз тадбирҳои аз ҷониби ҳукумат андешида, аз оғози сол нархи аксари маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум дар бозорҳои пойтахт боло рафт.

Сабабҳои болоравии нархҳоро ҳар гуна, аз ҷумла номунтазам шудани интиқоли он бар асари тез-тез қатъ шудани ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Хуҷанд, зиёд шудани қурби доллар ва дар робита ба мавсим маънидод мекунанд.

Бозори яклухтфурӯшии «Деҳқон» серодам набуд. Дар бозори «Шоҳмансур» ва бозорҳои начандон узурги маҳалалҳо нархҳо қариб якхелаанд, вале маҳсулоти хубу сара зери рафҳо пинҳонӣ фурӯхта мешавад. Ба гунаи мисол, картошка дар нархнома 3,20 сомонӣ зикр шуда, он қадр хуб нест, вале агар бо фурӯшанда гапзанон кунед, хушсифаташро бо нархи 4,20 сомонӣ ёфта медиҳад.

Як соҳибкор аз вилояти Суғд мегӯяд, қочоқи маҳсулоти ғизойӣ ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон хеле зиёд буда, хушкмева, сабзавоту меваи тару тоза дар бозорҳои  ин кишвар чун маҳсулоти Ӯзбекистон фурӯхта мешаванд.

Иқтисодчӣ Абдувоҳид Бурҳонов бар ин назар аст, ки ба нархҳо дар бозорҳо ба таври маъмурӣ кордор шудан лозим нест, зеро дар сурати дар кишвари ҳамсоя баланд будани нарх, маҳсулот ба он ҷо меравад.

«Ҳамааш ба нарх вобаста ва чун сомонӣ беқурб шуда, арзиши картошка бо доллар поин рафт, мутаносибан он ба кишварҳои ҳамсоя меравад, ки дар он ҷо нархҳо баландтаранд, – иброз дошт ӯ. – Бо фишор овардан ба савдогарон, ҳукумат ҳалли мушкилотро ба бунбаст тела медиҳад, зеро нархи баланд ба интиқоли маҳсулот таъсир расонида, минбаъд ба поинравии нархҳо оварда мерасонад, вале агар ба тоҷирон фишор идома ёбад, мушкил ҳаллу фасл намешавад».

Ба гуфтаи ӯ, яке аз воситаҳои ҳаллу фасли мушкилоти мазкур харидории маҳсулот бо минбаъд фурӯхтани он нархҳои мақбулу воқеӣ барои тарафайн аст, ки шояд нархҳо низ баъдан коҳиш ёбанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...