Эҳтимоли тасодуфан аз таркиш ҳалок шудани посбон

Asia-Plus

Марди калонсоле, ки бар асари таркиш дар Қӯрғонтеппа ба ҳалокат расид, шояд баста (пакет)-и шубҳанокеро пайдо намуда, онро ба прокуратура бурданӣ шудааст. Дар шаҳр чунин гуфтугузорҳо вуҷуд дорад. Дар ин гуфтугузорҳо зикр мегардад, ки ҳалокшуда худро натарконида, бастаи шубҳаноки ёфтаашро ба прокуратура нишон доданӣ будааст. Литсейе, ки дар он Ҳасанбой Раҳимови 67-сола ба ҳайси посбону […]

Марди калонсоле, ки бар асари таркиш дар Қӯрғонтеппа ба ҳалокат расид, шояд баста (пакет)-и шубҳанокеро пайдо намуда, онро ба прокуратура бурданӣ шудааст. Дар шаҳр чунин гуфтугузорҳо вуҷуд дорад.

Дар ин гуфтугузорҳо зикр мегардад, ки ҳалокшуда худро натарконида, бастаи шубҳаноки ёфтаашро ба прокуратура нишон доданӣ будааст. Литсейе, ки дар он Ҳасанбой Раҳимови 67-сола ба ҳайси посбону боғбон кор мекард, дар паҳлӯи бинои прокуратураи ҳарбӣ ва суди ҳарбии гарнизони Хатлон ҷойгир шудааст.

Дар ВКД Тоҷикистон ин гуфтаҳоро ба ҳеҷ гунае шарҳ намедиҳанд. «То анҷоми тафтишот чизе гуфта наметавонем, – гуфт ба «Азия-Плюс» сардори дафтари матбуоти Вазорат Умарҷони Эмомалӣ. – Айни замон гурӯҳи тафтишотии ВКД дар ҷойи ҳодиса машғули кор аст».

Дар ҷойи ҳодиса раҳбарияти литсей аз суҳбат бо журналистон худдорӣ варзида, аз сарчашмаҳои дигар маълум шуд, ки ҳалокшуда аз соли 2009 дар литсей фаъолият дорад ва машрубот ҳам истеъмол намекардаасту он қадр диндор ҳам набудааст ва корашро хуб ба иҷро мерасонидааст.

Сокинони хонаҳои наздики ҷойи ҳодиса мегӯянд, садои таркишро шунида, вале ҳеҷ кадомашон ба кӯча набаромадаанд, то бубинанд, ки чӣ ҳодисае рух додааст.

Дар ҷой ҳодиса кормандони сохторҳои қудратӣ ба таҳқиқ машғуланд. Чанде қабл муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода ва намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба Қӯрғонтеппа омадаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Мавҷуд набудани ҳеҷ гуна музокирот, ҳадаф набудани “тағйири режим” дар Эрон ва поёни ҷанг, ҳатто бе ба даст омадани тавофуқ аз изҳороте буданд, ки...

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.