Барои Бузургмеҳр Ёров боз 2 соли зиндон дархост шуд

Айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуд, ки адвокат Бузургмеҳр Ёров боз ба 2 соли зиндон маҳкум карда шавад. Ӯ мутобиқи ду модда – «беэтиромӣ нисбати суд» ва «таҳқири намояндаи ҳокимият» айбдор карда мешавад. Қаблан Ёров ба 23 соди зиндон маҳкум шуда буд. Ба қавли пайвандони судшаванда, ҳукм метавонад аллакай имрӯз содир шавад, чунки пагоҳ дар […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуд, ки адвокат Бузургмеҳр Ёров боз ба 2 соли зиндон маҳкум карда шавад. Ӯ мутобиқи ду модда – «беэтиромӣ нисбати суд» ва «таҳқири намояндаи ҳокимият» айбдор карда мешавад. Қаблан Ёров ба 23 соди зиндон маҳкум шуда буд.

Ба қавли пайвандони судшаванда, ҳукм метавонад аллакай имрӯз содир шавад, чунки пагоҳ дар суд баррасии парвандаи дигар нисбати адвокат (қаллобӣ) оғоз мегардад. Ҳамагӣ нисбати Ёров се парвандаи ҷиноӣ боз шуда, аз рӯи парвандаи аввал ӯ ба 23 соли зиндон маҳкум шуд, парвандаи дуюм айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад ва мурофиа аз рӯи парвандаи сеюм пагоҳ шурӯъ мешавад.

Заррина Набиева, ҳамсари Бузургмеҳр Ёров ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар мурофиаи имрӯза ҳеҷ касе аз хешону наздикони адвокат ҳузр надоштаанд, зеро онҳоро ба он роҳ надодаанд. Ба мурофиа танҳо модари Ёров даъват шуда, вале бинобар худро бад ҳис кардан, ӯ дар он иштирок карда натавонистааст. Ҷараёни мурофиаро онҳо аз мушвоири халқӣ шунидаанд, ки ба сифати шоҳид даъват шуда будааст.

Моҳи октябри соли гузашта нисбати адвокати аллакай ба 23 соли зиндон маҳкумшуда Бзургмеҳр Ёров Прокуратураи генералӣ дар асоси моддаи 356-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Таҳдид ё зуроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ, таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ) парванда оғоз карда буд. Парванда пас аз баҳси айбдоркунандаи давлатӣ бо Бузургмеҳр оғоз шуда буд.

Қобили зикр аст, ки суд Бузургмеҳр Ёровро мутобиқи 5 модда Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ ҳамчунин ба муддати панҷ сол баъди озод шудан аз зиндон аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ маҳрум карда шуд.

Рӯзи 27 сентябр зимни суханронии ниҳоии худ дар мурофиаи судӣ адвокат Бузургмеҳр Ёров изҳор карда буд, ки «ӯ на ифротгаро, балки адвокат буда, ба ҳимояи аъзои ҲНИТ на аз рӯи муҳаббату самимият ба онҳо, балки аз рӯи тақозои касб пардохтааст».

Бузургмеҳр Ёров санаи 28 сентябри соли 2015 дар дафтари кории коллегияи адвокатҳои «Сипар» боздошт шуда, он замон ба ҳимояи манфиатҳои 7 узви боздоштшудаи Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон машғул буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.