Коҳиши назарраси шумори зиёиён дар вохӯрӣ бо президент

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мулоқоти навбатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни эҷодкори кишвар рӯзи якшанбе, 19 март дар маҷмааи «Кохи Наврӯз»-и пойтахт баргузор мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар муқоиса бо солҳои пешин ин вохӯрӣ бо иштироки шумори нисбатан камтари намояндагони зиёиёни кишвар доир мегардад. Ба иттилои манбаъ, ба […]

Мулоқоти навбатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни эҷодкори кишвар рӯзи якшанбе, 19 март дар маҷмааи «Кохи Наврӯз»-и пойтахт баргузор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар муқоиса бо солҳои пешин ин вохӯрӣ бо иштироки шумори нисбатан камтари намояндагони зиёиёни кишвар доир мегардад.

Ба иттилои манбаъ, ба ин мулоқот бо президент беш аз 200 нафар намояндагони иттиҳодияҳои эҷодӣ ва олимон даъват шудааанд. Солҳои пеш ба ин вохӯрии маъмулӣ бо сарвари давлат ҳудуди 400 нафар намояндагони зиёиёни тоҷик даъват мешуданд.

Қобили зикр аст, ки мулоқоти сарвари давлат  бо зиёиёни кишвар ҳамасола маъмулан дар остонаи ҷашни Наврӯз доир гардида, дар он масоили муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа ва пешниҳодҳои нав оид ба беҳбуди вазъ дар бахшҳои илму маориф ва адабиёту фарҳанг баррасӣ мешаванд.

Аммо таҷриба гувоҳ аст ва ВАО ҳам чандин маротиба дар ин бора навиштанд, ки дар вохӯрӣ бо президент аз ҷониби зиёиён пешниҳодҳои созанда қариб ба мушоҳида намерасанд.

Пас аз суханронии президент муколама бо ҳозирин оғоз гардида, дар аксари вақт нафарони ба президент муроҷиаткарда ба таърифу тавсифи ӯ мепардозанд, ҳарчанд худи президент борҳо дархост карда буд, ки ба ин амалҳо хотима бахшида шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

11 сол зиндон ба сармуҳосиби беморхонаи марказии Варзоб. Ӯ барои тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ гумонзад буд

Додгоҳи Варзоб Бахтовар Сиддиқов, сармуҳосиби беморхонаи марказии ин ноҳияро, ки ба тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ аз буҷа гумонзад мешуд, ба 11 соли...

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.