Рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Душанбе консертҳо баргузор мешаванд

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Чорабиниҳои идона ба муносибати ҷашни Наврӯз дар пойтахти ҷумҳурӣ аз рӯзи 21 март оғоз меёбанд. Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, субҳи 21 март соати 09:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо», Боғи фарҳангию фароғатии «Пойтахт», Боғи ба номи С.Айнӣ ва майдони 800-солагии Москва барномаҳои консертӣ ва маҳфилҳои шеъру суруд бо иштироки устодони санъат баргузор […]

Чорабиниҳои идона ба муносибати ҷашни Наврӯз дар пойтахти ҷумҳурӣ аз рӯзи 21 март оғоз меёбанд.

Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, субҳи 21 март соати 09:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо», Боғи фарҳангию фароғатии «Пойтахт», Боғи ба номи С.Айнӣ ва майдони 800-солагии Москва барномаҳои консертӣ ва маҳфилҳои шеъру суруд бо иштироки устодони санъат баргузор мегарданд.

Гуфта мешавад, шоми ҳамон рӯз дар Наврӯзгоҳи пойтахт намоиши бошукӯҳи театрикунонидашудаи Наврӯзӣ манзури сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе мешавад. Дар анҷоми чорабинӣ мушакпарронии бардавом аз 7 бурҷи шаҳр дар назар аст.

Чорабинии асосии сатҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки президенти мамлакат ва меҳмонони воломақом рӯзии 22 март дар шаҳри Турсунзода доир мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.