Сокини Восеъ ҷавонзанро бераҳмона кушт

Asia-Plus

Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар қатли бераҳмонаи ҷавонзан, сокини 42-солаи ноҳияи Восеъро боздошт намуданд, ки қаблан барои ҷинояти таҷовуз ба номус маҳкум шудааст. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, сокинони деҳаи Пули Сангини шаҳри Норак рӯзи 8 март дар поёни яке аз ҷариҳо ҷасади ҷавонзанеро бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт мекунанд. Зимни […]

Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар қатли бераҳмонаи ҷавонзан, сокини 42-солаи ноҳияи Восеъро боздошт намуданд, ки қаблан барои ҷинояти таҷовуз ба номус маҳкум шудааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, сокинони деҳаи Пули Сангини шаҳри Норак рӯзи 8 март дар поёни яке аз ҷариҳо ҷасади ҷавонзанеро бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт мекунанд.

Зимни тафтишотмуайян карда мешавад, ки ин ҷасади зани 27-солаи сокини ноҳияи Ёвон С.Г. аст. Ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят сокини 42-солаи ноҳияи Восеъ Баҳром Сафаров ба ҳабс гирифта шудааст.

«Шаби 7 марти соли равон онҳо дар шаҳри Душанбе дар дохили автомашина машруботи спиртӣ истеъмол карда, байнашон муноқиша сар мезанад ва Баҳром Сафаров бо мушт ба сару рӯи зан зада, ӯро аз по меафтонад ва дар ҳолати беҳушӣ дохили автомашинаи «Старекс» мегузорад, ки ба худи ӯ тааллуқ дошт ва сипас гузошта ба хонааш меравад», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, субҳи рӯзи дигар аз хавфи он, ки С.Г. ба мақомоти милитсия хабар надиҳад, ӯро бо ресмон бӯғӣ карда, ба ҳалокат мерасонад ва барои рӯйпӯш кардани ҷинояти содиркардааш ҷасадро ба самти шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар роҳи автомобилгарди ағбаи Шар-Шар, дар километри 60-уми ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак ба ҷарӣ мепартояд ва аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далели мазкур аз ҷониби прокуратураи шаҳри Норак парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Мавҷуд набудани ҳеҷ гуна музокирот, ҳадаф набудани “тағйири режим” дар Эрон ва поёни ҷанг, ҳатто бе ба даст омадани тавофуқ аз изҳороте буданд, ки...

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.