Кушта шудани яке аз роҳбарони Ал-Қоида дар Афғонистон

Радиои Озодӣ

Артиши Амрико таъйид кардааст, ки дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавоӣ дар Афғонистон Қорӣ Ёсин, як раҳбари Ал-Қоида кушта шудааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар баёнияи вазорати мудофиаи ИМА дар ин робита зикр гардидааст, ки Қорӣ Ёсин аз Балуҷистони Покистон буд ва дар вилояти Пактикои Афғонистон паноҳ мебурд. Қорӣ Ёсин бо созмони Таҳрики Толибон иртибот доштааст ва чандин ҳамлаҳои террористиро тарҳрезӣ кардааст.

Аз ҷумла бомбгузорӣ дар меҳмонхонаи Марриот дар шаҳри Исломободро, ки рӯзи 20-уми сентябри соли 2008 сурат гирифт ва дар натиҷаи он даҳҳо нафар аз ҷумла Родолфо Родригес ва Метю Брайант, ду афсари амрикоӣ кушта шуданд.

Ҳамла ба автобуси тими крикети Шри Ланка дар шаҳри Лоҳур дар соли 2009 низ кори дасти Қорӣ Ёсин будааст. Дар ин ҳамла 6 маъмури пулис ва ду ғайринизомӣ кушта шуданд.

Ҷим Маттис, вазири дифои Амрико гуфтааст, “Марги Қорӣ Ёсин далели он аст, ки террористоне, ки ҳадафмандона одамони бегуноҳро мекушанд ва исломро бадном мекунанд, подоши амалашонро хоҳанд гирифт.”

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...