Роҳандозии дубораи иқдоми «Смартфони ҳаррӯза» аз Tcell

Иттилоияи расмӣ

Ширкати Tcell иқдоми “Смартфони ҳаррӯза 2017”-ро оғоз мекунад. Дар доираи ин иқдом, ки 50 рӯз идома меёбад, ширкат ҳамарӯза ба муштариёнаш 5 смартфони Huawei Y3 II тақдим мекунад!

Дар қисмати ниҳойии иқдоми мазкур бошад, панҷ телевизори TV LED LG SMART ба бозӣ гузошта мешавад! Иқдоми мазкур аз 27 март шурӯъ гардида, то 15 май идома мекунад.

Барои иштирокчии ин иқдом шудан кофист, ки тавозуни телефонатонро ба маблағи 5 сомонӣ ё бештар аз он пур намоед. Маблағи гузарондаи шумо пурра ба тавозунатон мегузарад.

Барои ҳар 5 сомонӣ ба муштарӣ тавассути смс-пайём рамзи инфиродӣ ирсол мегардад. Бурди туҳфаҳо ҳамарӯза дар шакли лоторея дар дафтари асосии ширкат – Tcell Plaza дар Душанбе баргузор мешавад.

Ҷараёни бозӣ ба таври мустақим тавассути радиои “Ватан” аз соати 8:40 то 9:20 пахш мегардад. Ба ғолибон ровии барнома аз эфири мустақим тамос мегирад.

Tcell аз ҳамаи муштариёнаш даъват мекунад, аз 27 март то 15 май ба дафтари аосӣ омада, ҷараёни баргузории иқдомро назорат баранд ва ба шаффофияти он бовар ҳосил намоянд. Меҳмонон имкон доранд, ки худашон бозиро баргузор намоянд: лототронро якҷоя намуда, рақамҳои беруномада ва ғолибро эълон намоянд.

Ширкати Tcell чунин як иқдомро соли 2015 баргузор намуда буд. Он вақт ба муштариён 250 смартфони нав, 2 Smart TV 3D бо кинотеатри хонагӣ, 4G роутерҳо бо бастаҳои интернети ҳармоҳа ва 10 планшети SamsungGalaxy Tab4 бо рақамҳои нуқрагин тақдим гардида буд. Он замон муштариён аз тамоми гӯшаву канори кишвар барои бурдҳои худ ба идораи мо омаданд.

Бисёриҳо тавозуни худро маҳз барои иштирок дар бозии бурднок пур намуданд, аммо қисме аз чунин иқдом ҳатто хабар надоштанд. Баъзеҳо то лаҳзаи охир ба пирӯзии худ бовар надоштанд ва аз кормандони ширкат даъват мекарданд, ки бо онҳо “шухӣ” накунанд.

Аз ҷараёни баргузории иқдоми имсола тавассути сомонаи расмӣ ва саҳифаи ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба шумо хабар медиҳем.

Барои иштирок дар иқдом талош намоед ва смартфони худро бурд намоед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...