Ба деҳаҳои дурдасти водии Бартанг бо чархбол кумак расид

Шонаврӯз Афзалшоев, Asia-Plus

Бо чархболи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба деҳаҳои дурдасти водии Бартанги ВМКБ маҳсулоти ғизойӣ фиристода шуд. Алоқаи автомобилӣ бо ин минтақаи Помир аз охири моҳи январ бар асари фаромадани тарма ва санргезиҳо қатъ аст.

Бо чархбол ба ин водӣ ҳудуди 2 тонна маҳсулот, аз ҷумла макарону равған, чой, намак ва шакар, ҳамчунин ба кормандони муассисаи истифодабарии роҳҳо барои тозакунии роҳ 200 литр сӯзишвории дизелӣ оварда шуда, маҳсулоти ғизойӣ ба ҷамоатҳои дурдасти Савноб, Рошорв ва Басид расонида шуд.

Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ва раиси ноҳияи Рӯшон низ ба водии Бартанг омада, бо вазъ дар маҳалҳо аз наздик шинос шуданд.

Дар ҷамоати Савноб ва Гудара баъди тақсимоти маҳсулоти хӯрокворӣ раиси вилоят бо сокинони ҷамоатҳо мулоқот карда, дар ҷараёни он аҳолии маҳаллӣ аз мушкилоти худ ба раис ибрози назар карданд.

Раиси ВМКБ Шодихон Ҷашед ба сокинони маҳаллӣ ваъда дод, ки имсол ҳукумат дар ҳамдастӣ бо шарикони байнулмилалӣ як қатор лоиҳаҳоеро амалӣ карданист, ки ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии сокинони водии Бартанг мусоидат хоҳад кард.

Баъди вохӯрӣ чархбол бо 6 нафар беморон ба самти Рошорв раҳсипор гардида, маҳз ба ҳамин ҷо 200 литр сӯзишвории дизелӣ ва маводи тарканда (аммонал) барои корҳои таркиш дар ҷойи ба роҳ афтодани шах оварда шуд.

Дар ин ҷо низ раиси вилоят зимни вохӯрӣ бо аҳолии маҳаллӣ зикр кард, ки айни замон лоиҳаи идомаи корҳо дар канали Рошорв бо мақсади азхудкунии заминҳои нав мавриди баррасӣ қарор дорад. Аз Рошорв низ 6 нафар беморон ба чархбол гирифта шуданд.

Баъди ин чархбол ба деҳаи Басид раҳсипор шуда, аз ин ҷо ҳам нафарони бемор ба чархбол гирифта шуданд. Қисмате аз беморон ба бемористони ноҳияи Рӯшон мунтақил гардида, занони ҳомиладори ваъи солимиашон ташвишовар ба бемористони вилоятӣ ба Хоруғ оварда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.