Манъи бидуни иҷоза ворид ва берун бурдани китоб

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, бидуни иҷозаи махсуси ин вазоратхона ба кишвар ворид кардани китоб ва ё баръакс аз кишвар берун бурдани китобҳо, мумкин нест. Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Шералӣ Хоҷаев, сардори шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳанги Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин робита гуфтааст,  "новобаста аз теъдоди китобҳои воридшаванда, шаҳрванд бояд […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, бидуни иҷозаи махсуси ин вазоратхона ба кишвар ворид кардани китоб ва ё баръакс аз кишвар берун бурдани китобҳо, мумкин нест.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Шералӣ Хоҷаев, сардори шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳанги Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ин робита гуфтааст,  "новобаста аз теъдоди китобҳои воридшаванда, шаҳрванд бояд иҷозатномаи Вазорати фарҳангро бигирад.

«Ин талабот ба ҳамаи кишварҳо дахл дорад ва новобаста ба забон ва ё ҳуруфи китоб, чунин иҷозатнома бояд гирифта шавад ва пас аз он, барои ворид ва ё содир кардани он иҷозат дода мешавад», – иброз доштааст ӯ.

Гуфта мешавад, ҷорӣ шудани иҷозатнома барои ворид намудани китобҳо дар ҳолест, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар марзҳо даҳҳо китобҳои умдатан бо хатти форсиро аз мусофирон мусодира мекунад.

Зикр мегардад, ки ахиран дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз боздошт ва мусодираи китобҳои як шаҳрванд, ки аз ӯ Ҳ.А. ном бурда мешавад, ки бо худ чанд китоб бо ҳуруфи форсӣ ва аз ҷумла "Бӯстон"-и Саъдии Шерозиро доштааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.