Иҷозаи Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал»

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии русиягии «Ямал» ҷиҳати парвози ҳавопаймоҳояш аз фурудгоҳи Жуковскии вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд дар мавсими тобистон иҷоза дод.

Як манбаъ аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки қарори мазкур рӯзи 30 март қабул шудааст. Номбурда зикр кард, ки доир ба ҷузъиёти дигари масъала Вазорат каме баъдтар маълумот хоҳад дод.

Қаблан Вазорати нақлиёти Русия изҳор дошта буд, ки ҷиҳати мувофиқасозии парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» аз фурудгоҳи Жуковский ба шаҳрҳои Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро рӯйи кор мегирад.

Вазири нақлиёти Русия Максим Соколов дар ин робита зикр карда буд, ки мақомоти Русия доимо аз манфиатҳои ширкатҳои ҳавопайоии ватанӣ ҳимоя намуда, барои водор намудани Тоҷикистон ҷиҳати ба иҷро расидани бандҳо ва қарордодҳо дар чаҳорчӯби созишномаи байниҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад ва доир ба ин масъала ҷонибҳо метавонанд гуфтушунидҳои иловагӣ баргузор кунанд.

Қаблан мақомоти нақлиёти Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии «Ямал»-и Русия ба ивази Душанбе парвозҳо аз фурудгоҳи «Жуковский»-и вилояти Маскав ба шаҳри Кӯлобро пешниҳод намуданд.

Аммо ширкати «Ямал» ин пешниҳодро комилан қабул надошта, директори тиҷоратии ширкат Андрей Дубров дар ин робита изҳор намуд, ки онҳо ивази фурудгоҳ зимни парвоз аз фурудгоҳи Жуковский ба Тоҷикистонро баррасӣ намекунанд.

«Пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон қобили қабул нест, – гуфтааст ӯ. – Масъалаи парвоз ба Кӯлоб ҳатто баррасӣ намешавад, чнки ин шаҳри начандон бузург буда, ба он монандӣ дорад, ки мо ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон парвоз ба Тиксиро пешниҳод намоем».

Қобили зикр аст, ки дар мавсими зимистон Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи «Жуковский» иҷозат надода буд.

Дар навбати худ Русия парози ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба шаҳрҳои Русияро маҳдуд кард.

Баъди гуфтушунидҳои моҳи январ ҷонибҳо дар бораи бекор кардани маҳдудиятҳо нисбати ширкати «Сомон Эйр» ба ивази аз оғози мавсими тобистон, яъне аз 26 март роҳандозии парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» ба пойтахти Тоҷикистон ба мувофиқа расида буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон устуворона дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад (ГРАФИКАҲО)

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Бино...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...