Таксиҳои нави JAC ва Peugeot дар роҳҳои Душанбе

Asia-Plus

Ширкати «Холдинг Азия Групп Таджикистан» изҳор медорад, ки 120 адад автомашинаҳои сабукрави тамғаи JAC ва Peugeot, ки дар Қазоқистон васлу насб шудаанд, то моҳи июни соли ҷорӣ ба Душанбе оварда мешаванд.

«Моҳи феврали соли равон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо фаъолони пойтахт дар бораи зарурати беҳтар кардани кори нақлиёти мусофирбари шаҳр ва навсозии парки таксиҳо изҳори назар кард, – гуфт роҳбари ширкат Камолов. – Дар ин вохӯрӣ раҳбарият ширкат уҳдадор шуд, ки давоми ду сол то 2 ҳазор таксиҳои навро ба кӯчаҳои шаҳр мебарорад ва бо назардошти ин ваъда, мо бо ширкати қазоқистонии «AllurGroup» шартнома ба имзо расонидем».

Бино ба маълумоти ӯ, айни замон ширкат 100 адад автомашинаҳои сабукрави таксии тамғаи КИА ва «Тойота»-ро дар ихтиёр дошта, онҳо то соли 2020 ба сокинони пойтахт хизматрасонӣ мекунанд ва сипас ба фурӯш гузошта мешаванд.

«Аввали ҳафтаи оянда мо бори дигар ба Қазоқистон рафта, ҳамаи ҷузъиёти муомилотро баррасӣ мекунем ва то моҳи июн 120 адад автомашинаҳои зикршударо ба шаҳри Душанбе мерем», – қайд кард номбурда.

Ба қавли раҳбари ширкат, қисмати боқимондаи автомашинаҳо муддати 2 сол ба Тоҷикистон интиқол дода шуда, марҳила ба марҳила таксиҳои кӯҳнаи пойтахт ва мавзеи гирду атрофи он бо наваш иваз карда мешавад.

Зимнан таъкид шуд, ки дар мувофиқа бо раҳбарияти шаҳр ронандагон барои кор дар ин таксиҳо аз рӯи озмун қабул шуда, дар навбати аввал ба ронандагони қаблан дар таксиҳои №3 ва №8 (сесомонигӣ) коркарда афзалият дода мешавад ва бар асоси шартнома, ронандагон дар муддати се сол маблағи арзиши таксиҳоро пардохта, метавонанд онро харидорӣ намоянд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл миёни ширкати AllurGroup-и Қазоқистон ва ширкати «Холдинг Азия Групп Таджикистан» Ёддошт дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки мутобиқи он, 1 ҳазору 500 адад автомобилҳои навъи Peugeot (седан) ва 500 адад автомобилҳои навъи JAC S3 (кросовер)-и дар Қазоқистон васлу насбшуда ба Душанбе оварда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...