Гуфтушунидҳо оид ба хатсайрҳои баҳсӣ чор рӯз боз идома доранд

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Дар шаҳри Маскав аллакай рӯзи чорум аст, ки гуфтушунидҳо миёни мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия идома доранд. Ин гуфтушунид рӯзи 25 апрел баъди таваққуфи 12-рӯза аз сар гирифта шуд.

Қаблан аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки ҷонибҳо ба ҳаллу фасли ин масъала бояд рӯзи чоршанбе, 26 апрел хотима бахшанд, аммо имрӯз дар Вазорат изҳор доштанд, ки гуфтушунидҳо ҳоло ҳам ба анҷом нарасида, ҷонибҳо дар масъалаи парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» ба Тоҷикистон ҳеҷ созише ҳосил карда наметавонанд.

Мебояд хотиррасон намуд, ки маҳз дар натиҷаи ҳал нашудани парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал», ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» аз 3 апрел аз иҷрои 7 парвозаш ба шаҳри Маскав маҳрум шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтушунид муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода роҳбарӣ мекунад.

Аввали моҳи апрел Русия парвози ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр»-ро аз Душанбе ба Маскав (4 парвоз дар 1 ҳафта) ва Хуҷанд (3 парвоз дар 1 ҳафта) маҳдуд карда, Вазорати нақлиёти Русия изҳор дошт, ки ин тасмим дар посух ба аз ҷониби Тоҷикистон рад шудани мувофиқа бо ширкати ҳавопаймоии русиягии «Ямал» ҷиҳати амалисозии парвозҳо аз фурудгоҳи «Жуковский»-и вилояти Маскав гирифта шудааст.

Тоҷикистон низ дар посух ба ин амал аз 6 апрел ба парвозҳои ширкатҳои русиягии "ЮТэйр" ва "Уралские авиалинии" ба ҷумҳурӣ маҳдудият ҷорӣ карданӣ буд, ки ба 3 парвози "ЮТэйр"  ба Хуҷанд ва 4 парвози "Уралские авиалинии" ба Душанбе дахл дошт, вале ин маҳдудият ҷорӣ нашуда, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки баҳсро сари мизи гуфтушунид ҳал мекунанд ва Вазорати нақлиёти Русия ҳамтоҳои тоҷики худро барои гуфтушунид ба Маскав даъват кард.

Баҳсҳо миёни мақомоти марбутаи Тоҷикистону Русия оид ба алоқаи ҳавоӣ ҳанӯз аз соли гузашта идома дошта, моҳи декабри соли гузашта Тоҷикистон ба анҷоми парвозҳои ширкати русиягии «Ямал» аз фурудгоҳи «Жуковский» ба Тоҷикистон иҷозат надод ва дар навбати худ, Русия ба парвози ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба шаҳрҳои Русия маҳдудият ҷорӣ кард.

Зимни гуфтушунидҳои моҳи январ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо оғози мавсими тобистон (26 март) ба ширкати «Ямал» барои парвозҳо ба Тоҷикистон иҷозат дода мешавад ва дар ин робита, ҳамаи маҳдудиятҳои қаблан ҷоришуда нисбати ширкати «Сомон Эйр» бекор карда шуданд.

Аммо бо оғози мавсими тобистон Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ширкати «Ямал», ки парвози ҳавопаймоҳояш ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро дар нақша дошт, парвозҳо ба шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаро пешниҳод намуда, ҷониби Русия ин пешниҳодро напазируфт.

Баъди ин Тоҷикистон ба амалисозии парвозҳои ширкати «Ямал» ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд 2 маротибагӣ дар як ҳафта розӣ шуда, вале ин пешниҳодро ҳам Русия қабул накард. Ҷониби Русия хостори парвозҳои ҳамарӯзаи ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Ямал» ва «Уралские авиалинии» ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...