Дар Душанбе Озмоишгоҳи миллии референсӣ боз шуд

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳраки Шифобахш Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” – и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, […]

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳраки Шифобахш Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” – и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат аст.

Арзиши умумии бинои озмоишгоҳ 23,8 миллион сомониро ташкил дода, аз ин маблағ барои корҳои сохтмонию васлгарӣ 7 миллиону 857 ҳазор сомонӣ ва барои таҷҳизонидан иншоот бо технологияи муосири тиббии ширкатҳои олмонӣ 16 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Дар Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” 60 нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи ватанӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шудаанд. Тамоми кормандон аз давраи омӯзишии кор бо таҷҳизоти муосири озмоишӣ аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолкунанда гузаронида шудаанд.

Ҳамчунин дар ноҳияи Синои пойтахт Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе барои бунёди бинои марказӣ ва таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” санги асос гузоштанд.

Арзиши умумии сохтмони бинои асосӣ тибқи ҳисобҳои пешакӣ 85 миллиону 416 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Иншооти асосӣ аз се бинои 9 ва 4 ошёна иборат мебошад. Ҳудуди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 10,37 гектар, масоҳати умумии иншоот 15900 метри мураббаъро ташкил дода, масоҳати зери сохтмон ба 3643 метри мураббаъ баробар аст.

Дар қисми даромадгоҳи асосии донишгоҳ бунёди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино пешбинӣ гардидааст. Дар соли 2017 барои корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ҷудо кардани 10 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. Лоиҳаи бинои асосӣ аз ташхиси давлатии сохтмон гузаронида шуда, барои иҷрои корҳои бунёдӣ омода мебошад.

Бино ба таъкиди Сарвари давлат ин даргоҳи илм бо тарҳи муосиру таҷҳизоти тиббии замонавӣ солҳои дароз бояд ба мардум хизмат расонад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.