Ҳушдор ба «ситораҳо» – агар бо ВАО суҳбат кунед, ба «рӯйхати сиёҳ» бармегардонем

Аз ситораҳои эстрадаи тоҷик, ки миёнашон Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Манижаи Давлат, Садриддини Наҷмиддин ва дигарон ҳузур доштаанд, дархост кардаанд, ки клипҳои худро ҷиҳати баррасӣ барои намоиш дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ пешниҳод намоянд ва ҳамчунин хабар додаанд, ки акнун онҳо ба иштирок дар чорабиниҳои расмии давлатӣ даъват мешаванд. Бино ба маълумоти ВАО, дар вохӯрии намояндагони […]

Саодат РАҲИМӢ, Asia-Plus

Аз ситораҳои эстрадаи тоҷик, ки миёнашон Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Манижаи Давлат, Садриддини Наҷмиддин ва дигарон ҳузур доштаанд, дархост кардаанд, ки клипҳои худро ҷиҳати баррасӣ барои намоиш дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ пешниҳод намоянд ва ҳамчунин хабар додаанд, ки акнун онҳо ба иштирок дар чорабиниҳои расмии давлатӣ даъват мешаванд.

Бино ба маълумоти ВАО, дар вохӯрии намояндагони Вазорати фарҳанг ва Кумитаи давлатии телевизиону радио бо овозхонони аз шабакаҳои телевизион барканоршуда ва ҳунармандони ба қавле дар «рӯйхати сиёҳ» ҷойдошта зикр шудааст, ки онҳо акнун имкон доранд ба шабакаҳои телевизион баргарданд.

Дастрасии маълумот аз продюсерон ва иштирокчиёни ин вохӯрӣ дар мавриди ин масъала муяссар нашуд, зеро тибқи маводи дар сомонаи Радиои Озодӣ интишоршуда, ҳамаи онҳоро аз номақбул будани суҳбат бо матбуот оид ба ин мавзӯъ бо ҳушдори дубора ба «рӯйхати сиёҳ» ворид намудан огоҳ кардаанд.

Онҳо ё гӯшии телефонашонро намебардоранд ва ё аз он сӯ посухи кӯтоҳ меояд: «Бидуни шарҳ».

Ба гуфтаи як манбаъ аз шабакаи телевизиони «Тоҷикистон», раҳбарияти ин шабака дар бораи мавҷуд будани ба ном «рӯйхати сиёҳ», касеро ба шабака баргардонидан ва гузашта аз ин, дархости пешниҳоди клип аз сарояндаҳои эстрада бори нахуст огаҳ мешавад.

Ба савол доир ба сабаби муддати 5-6 сол дар шабакаҳои телевизионӣ пахш нагардидани сурудҳои сарояндагони маъруфу писандида, иттилоъ дода шуд, ки сабаби ягона мутобиқ набудани сурду клипҳо ба муҳтаво (формати)-и шабака аст, зеро суруду клипҳо бемаъниву соддалавҳона буда, дар онҳо меъёрҳои ахлоқу одоб риоя намешавад.

– Ҳар як суруду клип пеш аз намоиш дар шабака аз санҷиши комиссияи Шӯрои эҷодии назди Кумитаи телевизиону радио мегузарад, ки ба ҳайати он арбобони санъат, оҳангсозон, ҳунармандони мардумӣ ва адибон шомил буда, агар суруди касе дар шабакаи мо намоиш дода нашуда бошад, пас ин айби худи онҳост, чунки ба он манфиатдор нестанд. Бояд ба хубӣ дарк намуд, ки шабакаҳои давлатии телевизион таҷассумгари фарҳангу забон ва таърихи мардуми тоҷик мебошанд , – гуфт манбаъ.

Дар назар аст, ки нахустин гала-консерт бо иштироки ситораҳои эстрада Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Манижаи Давлат, Садриддини Наҷмиддин ва боз як зумра овозхонони дигар, ки мустақиман дар шабакаи телевизион пахш мешавад, рӯзи 23 май, дар ҷашни Рӯзи ҷавонон дар пойтахт доир гардад.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2011 (тибқи баъзе маълумот, ин тамоил аз соли 2005 оғоз гардид) намоиши суруду клипҳои чанде аз намояндагони эстрадаи тоҷик (овозхонони маъруфу писандида) дар шабакаҳои давлатии телевизион манъ ва онҳо ба чорабиниҳои расмӣ даъват намешуданд. Ин тасмим (ғайрирасмӣ) аз ҷониби мансабдорони соҳаи телевизион гирифта шуда, суруду клип ва рафтори онҳо дар саҳна намунаи бад барои ҷавонон арзёбӣ шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.