Президент ба сохтмони бинои нави Суди олӣ ҳусни оғоз бахшид

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳ ва оғози бунёди як қатор иншооти гуногун иштирок карданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Президенти мамлакат ва Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии […]

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳ ва оғози бунёди як қатор иншооти гуногун иштирок карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Президенти мамлакат ва Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.

Дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31-и ноҳияи Шоҳмансур оғози расмӣ бахшиданд.

Сипас онҳо дар кӯчаи Тӯрақул Зеҳнии ноҳияи Шоҳмансур ба бунёди Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё, ки дорои 420 ҷойи нишаст дар як баст, оғози расмӣ бахшиданд. Аснои муаррифии лоиҳаи сохтмони муассиса ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки иншоот дар давоми як сол бо муосиртарин таҷҳизот сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.

Имрӯз ҳамчунин бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корҳои навсозии роҳи мошингарди кӯчаи Муродулло Шерализодаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.