Наҷотдиҳандагон 2 касро аз мошини пачақшуда берун оварданд

Кормандони наҷоти  Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ ҷони ду нафарро дар як садамаи хатарнок наҷот доданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, бар асари боришоти шадид ва нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо, риоя накардани суръати ҳаракати мошин субҳи бармаҳали имрӯз, 28-уми апрел дар километри 47-уми роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ мошини тамғаи “Volvo” ба доманаи кӯҳ бархӯрд. Гуфта […]

Кормандони наҷоти  Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ ҷони ду нафарро дар як садамаи хатарнок наҷот доданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, бар асари боришоти шадид ва нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо, риоя накардани суръати ҳаракати мошин субҳи бармаҳали имрӯз, 28-уми апрел дар километри 47-уми роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ мошини тамғаи “Volvo” ба доманаи кӯҳ бархӯрд.

Гуфта мешавад, сабаби асосии ин садама риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ буд ва чун суръати мошин баланд аз меъёри таъиншуда буд, ронандаи 30-солаи он натавонист аз уҳдаи идораи мошин барояд.

Дар ин бора ба нуқтаи навбатдори фарӣ аз  хадамоти роҳи ширкати IRS  иттилоъ дода, ба муҷарради дарёфти хабари садама  кормандони наҷоти Кумита ба ҷойи ҳодиса шитофтанд.

Бар асари ин бархӯрд мошин осеби сахт дида буд. Наҷотдиҳандагон бо ёрии таҷҳизоти гидравикӣ мусофир ва ронандаи мошини боркашро наҷот доданд ва ҳардуро ба бригадаи “Ёрии таъҷилӣ” супурданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба ронандагон муроҷиат мекунад: Хеле ботаваҷҷуҳ бошед, суръати ҳаракатро берун аз низоми муайншуда боло набаред, қоидаҳои ҳаркати роҳро нақз накунед ва ҷони худу ҳамроҳони худ, ҳамчунин роҳгузаронро дар хатар наяндозед! Бахусус дар рӯзҳои боронӣ шуморо лозим меояд ҳама қоидаҳои бехатариро риоя намоед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.