Манъи пӯшидани ниқобу фаранҷӣ ба мансабдорони давлатӣ дар Олмон

Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Олмон лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки дар он манъи пӯшидани ниқоб ва фаранҷӣ дар кор ба мансабдорони давлатӣ, судяҳо ва низомиён пешбинӣ шудааст. Дар ин бора Медуза бо истинод ба Deutsche Welle хабар медиҳад.

Пешниҳоди қабули лоиҳа бо он асоснок мешавад, ки сарпӯш (ниқоби)-е, ки рӯйро мепӯшонад, ба «принсипи бетарафӣ» мухолиф аст, ки онро бояд хизматчиёни давлатӣ риоя кунанд.

Дар лоиҳаи қонун ҳамчунин занони мусулмон ба аксгирӣ бо рӯи кушода барои ҳуҷҷатҳо уҳдадор мешаванд. Ғайр аз ин, онҳо бояд тибқи талаботи асосноки мақомоти интизомӣ рӯяшонро кушоянд, масалан барои тасдиқи шахсият зимни санҷиши ҳуҷҷатҳо.

Пеш аз мавриди амал қарор гирифтани лоиҳаи қонун, он бояд аз ҷониби палатаи болоии парлумони Олмон маъқул шуморида шавад. Дар як қатор кишварҳои Аврупо, масалан дар Австрия ва Нидерланд низ ба ин монанд қонунҳо қабул шудаанд.

Моҳи март Суди Аврупо қарор кард, ки агар дар қоидаҳои дохилии ташкилоту корхона намоиши рамзҳои мусулмонӣ манъ шуда бошад, корфармо ҳам метавонад пӯшидани ҳиҷобро дар кор манъ созад.

Тобистони соли 2016 ҳукуматдорони чанде аз шаҳрҳои Фаронса талош варзиданд, ки ба бар кардани сарулибоси махсуси оббозӣ барои занони мусулмон – буркиниро манъ кунанд. Зинаи олии судии Фаронса – Шӯрои давлатӣ амали манъи пӯшидани буркиниро боздошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон устуворона дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад (ГРАФИКАҲО)

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Бино...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...