Кӣ кӯдакони «чернобилиҳо»-ро ҳимоя мекунад?

Рӯзи 26 апрел аз ҳодисаи садамаи фалокатбор дар нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил 31 сол пур шуд. Ба ин муносибат дар ҷумҳурии мо дар маркази ноҳияи Файзобод чорабинӣ доир гардида, дар он намояндагони «чернобилиҳо» аз тамоми минтақаҳои кишвар ва ҳамчунин сафирони Украинаву Беларус ва Япония дар Тоҷикистон, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва аҳли ҷомеа ширкат варзиданд. Қобили […]

Акмал Маннонов, Парвиз Турсунов, Asia-Plus

Рӯзи 26 апрел аз ҳодисаи садамаи фалокатбор дар нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил 31 сол пур шуд.

Ба ин муносибат дар ҷумҳурии мо дар маркази ноҳияи Файзобод чорабинӣ доир гардида, дар он намояндагони «чернобилиҳо» аз тамоми минтақаҳои кишвар ва ҳамчунин сафирони Украинаву Беларус ва Япония дар Тоҷикистон, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва аҳли ҷомеа ширкат варзиданд.

Қобили зикр аст, ки аз соли 1986 то соли 1990 ба бартараф сохтани оқибатҳои садама дар нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил 5 ҳазор тоҷикистониён ва ҳамчунин 1 ҳазор ҷавонони тоҷикистониии дар хизмати ҳарбӣ қарордошта ҷалб шуданд.

Имрӯз аз онҳо ҳамагӣ 1865 нафарашон зинда монда, 1457 тан аз онҳо маъюбанд. Бар асари зиёни радиатсия 561 нафари синни аз 28 то 57-сола ба ҳалокат расидаанд.

Айни замон 265 оилаи «чернобилиҳо» бе саробон монда, боқимонда аз бемориҳои гуногуне, ки замони кор дар минтақаи заҳролудшуда ба онҳо гирифтор шудаанд, азият мекашанд.

Боз як рақам. 800 нафар кӯдаконе, ки аз яке аз волидони дар садамаи Чернобил зиёндида таваллуд шудааст, маъюб мебошанд…

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.