Қатъи фаъолияти парлумони Британия то интихоботи пешазмуҳлат

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Парлумони Британия шаби сешанбе ба чаҳоршанбе фаъолияти худро пеш аз интихоботи ғайринавбатии ин кишвар қатъ кард, ки қарор аст он 8 июни соли равон баргузор шавад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бар пояи қонунгузории Британия, 25 рӯз (корӣ) пеш аз интихобот ҳама гуна фаъолияти порлумон қатъ шуда, аъзои Палатаи поёнии маҷлиси ин […]

Парлумони Британия шаби сешанбе ба чаҳоршанбе фаъолияти худро пеш аз интихоботи ғайринавбатии ин кишвар қатъ кард, ки қарор аст он 8 июни соли равон баргузор шавад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бар пояи қонунгузории Британия, 25 рӯз (корӣ) пеш аз интихобот ҳама гуна фаъолияти порлумон қатъ шуда, аъзои Палатаи поёнии маҷлиси ин кишвар ваколати худро аз даст медиҳанд. Барои онҳо чанд рӯз муҳлат дода мешавад, то маҳалли корашонро тарк кунанд.

Гуфта мешавад, сарвазири Британия Тереза Мэй рӯзи чаҳоршанбе бо малика Елизавета II мулоқот карда, ӯро аз парокандашавии порлумон ва оғози маъракаи интихоботӣ огаҳ хоҳад кард.

Зикр мегардад, ки Мэй 18 апрел аз порлумон хост, то дар Британия интихоботи ғайринавбатӣ – се сол пеш аз муҳлат эълон кунад. Бар пояи натиҷаҳои ин интихобот сарвазир Мэй – раҳбари муҳофизакорони Британия мехоҳад, мавқеи худро устувор кунад.

Сокинони Британия тобистони соли гузашта низ ба назди сандуқҳои раъйдиҳӣ рафта, хориҷшавии кишварашонро аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) ҷонибдорӣ карда буданд. Британия ба ҳайати ИА соли 1973 пайваста буд ва аввалин кишваре хоҳад шуд, ки онро тарк мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.