Анҷоми амалиёти боздошти маҳбусони фирории эҳтимолӣ дар Хуҷанд

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Дар шаҳри Хуҷанд субҳи имрӯз бидуни огоҳиномаи пешакӣ машқҳои сохторҳои қудратии вилоят баргузор шуд, ки ҳадафи он дастгир кардани маҳбусони фирорӣ буд. Нақши «маҳбусони фирорӣ»-ро корманди милитсия бозиданд. Корманди маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Муҳсин Юсуфов хабар дод, ки амалиёт таҳти унвони «Ҳалқа» имрӯз, 3 май ҳудуди 3 соат – аз соати […]

Дар шаҳри Хуҷанд субҳи имрӯз бидуни огоҳиномаи пешакӣ машқҳои сохторҳои қудратии вилоят баргузор шуд, ки ҳадафи он дастгир кардани маҳбусони фирорӣ буд. Нақши «маҳбусони фирорӣ»-ро корманди милитсия бозиданд.

Корманди маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Муҳсин Юсуфов хабар дод, ки амалиёт таҳти унвони «Ҳалқа» имрӯз, 3 май ҳудуди 3 соат – аз соати 05-00 то соати 08-00-и субҳ идома ёфт.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни амалиёти омӯзишӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳбусони фирории эҳтимолиро боздошт намуданд.

«Ҳадафи амалиёти мазкур ба ҳама гуна рӯйдоду ҳодисаҳо, аз ҷумла фирори маҳбусон аз муассисаҳои ислоҳӣ доимо омода будани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст», – иброз дошт номбурда.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки кормандони сохторҳои қудратиии мустақар дар шаҳри Хуҷандро субҳи имрӯз бо бонги хатар бархезонида, онҳоро лозим аст, ки ҷинояткорони аз маҳбас фироркрдаро дарёфт намоянд. Чунин аст сенарияи машқу омодагирии сохторҳо.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.