Ба раҳпаймоии «Полки ҷовидон» дар Душанбе иҷоза надоданд

Акмал Маннонов, Asia-Plus

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба баргузории раҳпаймоии «Полки ҷовидон» (Бессмертный полк) дар Душанбе, ки санаи 9 май аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии собиқадорон пешбинӣ гардида буд, иҷоза надод. «Мақомоти шаҳрдорӣ тасмими худро бо ҳадафҳои таъмини амният  асоснок карда, ҳамчунин изҳор медорад, ки дар ин рӯз дар Боғи Ғалаба чорабиниҳои идона, аз ҷумла гузашт доир мегарданд […]

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба баргузории раҳпаймоии «Полки ҷовидон» (Бессмертный полк) дар Душанбе, ки санаи 9 май аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии собиқадорон пешбинӣ гардида буд, иҷоза надод.

«Мақомоти шаҳрдорӣ тасмими худро бо ҳадафҳои таъмини амният  асоснок карда, ҳамчунин изҳор медорад, ки дар ин рӯз дар Боғи Ғалаба чорабиниҳои идона, аз ҷумла гузашт доир мегарданд ва мутаносибан ҳамаи нерӯҳо барои таъмини амнияти шаҳрвандон дар он ҷо мутамарказ мешаванд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» Валӣ Сайёрабеков, муовини раиси Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорон.

Ин маълумотро ҳамчунин дар мақомоти шаҳрдории Душанбе низ тасдиқ карданд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Рӯзи Ғалаба як қатор чорабиниҳо мегузаронад, аз ҷумла тақсими «лентаҳои георгиевӣ», консерту намоиш ва дигар чорабиниҳои ҷашнӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.