Бонки миллӣ иҷозатномаи 6 ташкилоти қарзиро бозхонд

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) иҷозатномаи боз 6 ташкилоти қарзӣ барои амалисозии амалиёти бонкиро бозхонд кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ, бо қарори БМТ аз 1 май ва дар асоси моддаи 6 Қонуни ҶТ “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ва дархости ҶДММ ТҚХ “Асрина” (Хуҷанд) ва ФҚХ “Армон” (Душанбе) оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ, фаъолияти […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) иҷозатномаи боз 6 ташкилоти қарзӣ барои амалисозии амалиёти бонкиро бозхонд кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ, бо қарори БМТ аз 1 май ва дар асоси моддаи 6 Қонуни ҶТ “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ва дархости ҶДММ ТҚХ “Асрина” (Хуҷанд) ва ФҚХ “Армон” (Душанбе) оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ, фаъолияти ташкилотҳои қарзии номбурда қатъ карда шуд.

Инчунин, бо қарорҳои дахлдори Раёсати БМТ, иҷозатномаҳои ҶСП ТАҚХ “Самар”, ҶСП ТАҚХ “Вориси замон”, ҶСП ТАҚХ “Амлок” ва ҶСП ТАҚХ «Нисор Фом» бозхонд карда шуда, фаъолияти онҳо бинобар оғози расмиёти барҳамдиҳӣ қатъ карда шуданд.

Гуфта мешавад, ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилотҳои зикргардида дар асоси қарорҳои қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунанда омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки аввали сол иҷозатномаи ташкилоти хурди қарзии «Ренссанс-кредит» бозхонд шуда, охири моҳи феврал ду бонк – «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» аз иҷозатнома маҳрум шуданд. Айни замон расмиёти барҳамдиҳии онҳо идома дорад.

Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, айни замон боз 21 ташкилоти қарзӣ дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.

Феълан дар Тоҷикистон 16 бонк, 34 ташкилоти хурди амонатгузорӣ, 13 ташкилоти хурди қарзӣ, 33 фонди хурди қарзӣ (бидуни назардошти ташкилотҳое, ки иҷозатномаашон аз 1 май бозхонд шудааст) фаъолият доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.