Бонки Олмон барои маблағгузории манзил дар деҳот 7 млн. евро ҷудо мекунад

Дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар доираи Барномаи рушди низоми молиявӣ дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон ва Барномаи маблағгузории манзил маросими имзои Созишнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон ба маблағи 7 миллион евро, инчунин оид ба оғози фазаи дуюми Барномаи маблағгузории манзил баргузор гардид. Созишномаи мазкурро аз ҷониби […]

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар доираи Барномаи рушди низоми молиявӣ дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон ва Барномаи маблағгузории манзил маросими имзои Созишнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон ба маблағи 7 миллион евро, инчунин оид ба оғози фазаи дуюми Барномаи маблағгузории манзил баргузор гардид.

Созишномаи мазкурро аз ҷониби ҳукумати ҶТ вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода имзо намуд. Дар маросими имзои Созишномаҳо роҳбари намояндагии Бонки олмонии рушд (KfW) дар Тоҷикистон хонум Кристин Лаабс, инчунин намояндагони бонк ва ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Барномаҳои мазкур аз ҷониби Бонки олмонии рушд (KfW) дар доираи ҳамкории дуҷонибаи молиявӣ бо Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад. Барнома аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод намудани маблағи молиявиро на камтар аз 1.25 миллион евро ба ҳар кадом бонк ва ташкилоти қарзии хурд, ки интихоби пешакии дақиқро барои додани қарз бо асъори миллӣ гузаштаанд, пешбинӣ менамояд.

Тибқи барномаи маблағгузории манзил муассисаҳои молиявӣ маблағҳои қарзро барои қарздиҳии хоҷагиҳои шахсӣ дар деҳот барои харид, сохтмон, таъмири асосӣ ва васеъ кардани масоҳати манзил истифода мебаранд.

Иштирокчиёни Барномаи мазкур, ки ба онҳо қарзҳои манзилӣ дода хоҳад шуд, бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурди ҷумҳурӣ, ба мисли Арванд, Имон Интернешнл, Эсхата ва Аввалин бонки хурди молиявӣ мебошанд. Ҳамчунин, иштирокчиёни Барнома қарзҳои манзилиро ҳам аз ҳисоби маблағҳои Барнома ва ҳам аз ҳисоби маблағҳои худ ҷудо хоҳанд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.