Фестивали ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Душанбе

Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи оянда (13-14 май) дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Бозори ҳунар» Фестивали ҷумҳуриявии ҳунарҳои бадеии халқӣ баргузор мегардад. Ин чорабинӣ бо иқдоми Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо мақсади мусоидат намудан ба бунёди инфрасохтори ҳунарҳои бадеии халқи тоҷик, такомули ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавии ҳунармандон, эҳёи суннатҳои асили ҳунарҳои бадеии халқӣ ва баланд бардоштани […]

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ

Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи оянда (13-14 май) дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Бозори ҳунар» Фестивали ҷумҳуриявии ҳунарҳои бадеии халқӣ баргузор мегардад.

Ин чорабинӣ бо иқдоми Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо мақсади мусоидат намудан ба бунёди инфрасохтори ҳунарҳои бадеии халқи тоҷик, такомули ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавии ҳунармандон, эҳёи суннатҳои асили ҳунарҳои бадеии халқӣ ва баланд бардоштани арзиши милливу эстетикии анвои ҳунарҳои бадеии халқӣ гузаронида мешавад.

Фестивал ба таври тантанавӣ бо иштироки беҳтарин ҳунармандони мардумӣ – кулолгарӣ, оҳангарӣ, дуредгарӣ, сангтарошӣ, заргарӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, ороиши суннатӣ, чакану адрасбофӣ, рассомӣ, суннати таомпазӣ, нонпазӣ, чармгарӣ, сарояндагиву навозандагӣ, расму оинҳои марбут ба фолклор, ки аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ ташриф меоранд, сурат хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои 20-21 май дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе Ярмаркаи ҳамасолаи баҳоронаи ҳунармандӣ доир мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.