Cармураббигии «Ҳосилот»-ро Ашӯрмамадов ба дӯш гирифт

Хабаргузории «Озодагон»

Алиёр Ашӯрмамадов, ҳамлагари собиқи тими миллии Тоҷикистон сармураббии нави дастаи “Ҳосилот”-и Фархор таъин шудааст. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», сармураббии пешини “Ҳосилот” Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев баъди бохти “Ҳосилот” дар даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ба ССКА “Помир”-и Душанбе истеъфо дода буд. Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфтааст, Ашӯрмамадови 48-сола шурӯъ аз имрӯз ба ҳайси сармураббӣ корро оғоз мекунад. […]

Алиёр Ашӯрмамадов, ҳамлагари собиқи тими миллии Тоҷикистон сармураббии нави дастаи “Ҳосилот”-и Фархор таъин шудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», сармураббии пешини “Ҳосилот” Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев баъди бохти “Ҳосилот” дар даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ба ССКА “Помир”-и Душанбе истеъфо дода буд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфтааст, Ашӯрмамадови 48-сола шурӯъ аз имрӯз ба ҳайси сармураббӣ корро оғоз мекунад. Нахустин дидори “Ҳосилот” зери раҳбарии ӯ 7 май бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки Алиёр Ашӯрмамадов таҷрибаи кор дар дастаҳои ССКА “Помир”, “Энергетик”, “Парвоз” ва “Далерон-Уротеппа”-ро дорад.

Ӯ дар гузашта ба ҳайси ҳамлагар дар дастаҳои СКИФ-1 (Душанбе, 1989), “Вахш” (Қӯрғонтеппа, 1990), “Помир” (Душанбе, 1991-1992), “Локомотив” (Москва, 1993), “Авангард” (Коломна, 1994), “Анжи” (Махачқалъа, 1995-1998), “Варзоб” (Душанбе, 1999-2000), “Иртиш” (Павлодар, 2001-2002), СКА “Помир”(Душанбе, апрел-июл 2004), “Хима” (Душанбе, август 2005-2007) ба майдон баромадааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.