Иштироки беш аз ним млн. тоҷикистониён дар Рӯзи дави миллӣ

Asia-Plus

Ба муносибати Рӯзи ҷавонон санаи 21 май дар Тоҷикистон Рӯзи навбатии дави миллӣ доир мегардад, ки дар он тибқи маълумоти пешакӣ, беш аз 500 ҳазор нафар тоҷикистониён ширкат меварзанд. Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, роҳи Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе аз посгоҳи маҳаллаи Чорбоғ тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳро дарбар гирифта, соати […]

Ба муносибати Рӯзи ҷавонон санаи 21 май дар Тоҷикистон Рӯзи навбатии дави миллӣ доир мегардад, ки дар он тибқи маълумоти пешакӣ, беш аз 500 ҳазор нафар тоҷикистониён ширкат меварзанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, роҳи Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе аз посгоҳи маҳаллаи Чорбоғ тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳро дарбар гирифта, соати 09:00 оғоз ва анҷомаш соати 11:00 пешбинӣ шудааст. Дави миллӣ дар се масофа – 3, 5 ва 10 километр гузаронида мешавад.

Давҳо дар масофоҳои гуногун дар тамоми маркази вилоят ва шаҳру навоҳӣ дар назар буда, дар он шурӯъ аз роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то кӯдакони хурдсол иштирок мекунанд. Ғолибони мусобиқаҳо бо туҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки Рӯзи дави миллӣ бо фармони президенти Тоҷикистон сар аз соли 2005 ҳар сол якшанбеи севуми моҳи май дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ барпо мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.