«Истиқлол» дар меҳмонӣ дилпурона “Олой”-ро шикаст дод

Asia-Plus

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар бозии чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 дар гурӯҳи “D” дар меҳмонӣ бар тими «Олой»-и Ош (Қирғизистон) бо ҳисоби 4 бар 1 дастболо шуд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тӯбҳоро аз дастаи “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов ва Дилшод Восиев дутогӣ ба ҳадаф расониданд. Дар бозии дигари гурӯҳи “D”  Олтин […]

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар бозии чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 дар гурӯҳи “D” дар меҳмонӣ бар тими «Олой»-и Ош (Қирғизистон) бо ҳисоби 4 бар 1 дастболо шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тӯбҳоро аз дастаи “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов ва Дилшод Восиев дутогӣ ба ҳадаф расониданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “D”  Олтин Асир”-и Ашқобод (Туркманистон) дар Балканобод чемпиони Қирғизистон – тими “Дордой”-ро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст дод.

Баъди натиҷагирӣ аз 4 давр дар ҷадвали гурӯҳи “D”  бо касби 10 имтиёзӣ дастаҳои “Истиқлол” ва “Олтин Асир” пешсафанд. Дастаҳои Қирғизистон баъди ин бохтҳо имкони роҳхат гирифтан аз гурӯҳро аз даст доданд.

Бозии навбатии дастаи “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 санаи 17 май дар шаҳри Бишкек” бо “Дордой” доир гардида,д ар вохӯрии дигар гурӯҳ “Олтин Асир” дар майдони худ “Олой”-ро қабул мекунад.

Қобили зикр аст, ки ба марҳилаи баъдии мусобиқаи Ҷоми КФО-2017 танҳо ғолиби гурӯҳи “D” роҳхат мегирад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.