Леокадия Ковтун: «Баъди нашри мавод ҳеҷ касе назди ман наомадааст»

Asia-Plus

Моҳи январи соли равон дар газетаи «Азия-Плюс» дар бораи бо манзили зист таъмин набудани собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Леокадия Ковтун мавод ба нашр расида буд. Дар остонаи ҷашни навбатии Рӯзи Ғалаба зимни суҳбат бо мо ӯ изҳор намуд, ки баъди нашри мавод ҳеҷ касе аз намояндагони ҳукумати ноҳия ё мақомоти шаҳрдории пойтахт назди ӯ наомадааст. […]

Моҳи январи соли равон дар газетаи «Азия-Плюс» дар бораи бо манзили зист таъмин набудани собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Леокадия Ковтун мавод ба нашр расида буд.

Дар остонаи ҷашни навбатии Рӯзи Ғалаба зимни суҳбат бо мо ӯ изҳор намуд, ки баъди нашри мавод ҳеҷ касе аз намояндагони ҳукумати ноҳия ё мақомоти шаҳрдории пойтахт назди ӯ наомадааст.

«Аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе низ касе аҳволи маро напурсид, ҳарчанд ба наздикӣ ид аст, шояд даъват кунанд», – мегӯяд ӯ.

Орзуи ягонаи ӯ соҳиб шудани ба манзили худ дар пирӣ аст. Чор соли охир ӯ ҳамроҳи набераву абераҳояш аз як манзил ба манзили дигар мекӯчад, зеро худ хона надорад. Хонаи дуҳуҷрадори коркардаашро барои васеъ кардани манзил фурӯхта, вале сохтмон дар бинои хусусии манзилҳо солҳои тӯлонӣ ба таъхир афтодааст ва акнун ӯ маҷбур аст, ки дар дигар ҷойҳо сарпаноҳ биҷӯяд.

Давлат ба ӯ ҳамчун собиқадори ҷанг ҳеҷ гоҳ манзили зист надода, Леокадия Ковтун акнун мехоҳад, ки аз ин ҳуқуқи худ истифода барад, зеро мувофиқи қонун «Дар бораи собиқадорон» аз соли 1995, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бояд дар навбати аввал манзил дода шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.