Марз зери назорат аст. Қабули афсарони захмии афғон дар бемористони Ишкошим

Радиои Озодӣ

Субҳи рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда гурӯҳи Толибон аз чанд тараф ба маркази ноҳияи Зебоки вилояти Бадахшони кишвари ҳамсоя ҳуҷум карда, дар натиҷа баъд аз зӯҳри ҳамон рӯз, он ба дасти ҷангиёни ин гурӯҳ гузашт. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, аз рӯзи 29 апрел то имрӯз 7 тан аз захмиёни нерӯҳои давлатии Афғонистон барои муолиҷа ба […]

Субҳи рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда гурӯҳи Толибон аз чанд тараф ба маркази ноҳияи Зебоки вилояти Бадахшони кишвари ҳамсоя ҳуҷум карда, дар натиҷа баъд аз зӯҳри ҳамон рӯз, он ба дасти ҷангиёни ин гурӯҳ гузашт.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, аз рӯзи 29 апрел то имрӯз 7 тан аз захмиёни нерӯҳои давлатии Афғонистон барои муолиҷа ба бемористони марказии ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон интиқол дода шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир даргириҳо миёни нерӯҳои давлатии Афғонистон бо ҷангиёни гурӯҳи Толибон барои бозпасгирии маркази вулусволӣ ё ноҳияи Зебоки Бадахшони Афғонистон ҳаммарз бо Ишкошими Тоҷикистон, ба шиддат идома дорад.

Гуфта мешавад, бо шурӯи ҷангҳо дар наздиктарин нуқоти марзии Тоҷикистону Афғонистон, мақомоти тоҷик ҳам гуфтанд, ки барои таъмини амнияти марз тамоми чораҳо андешида шудааст.

Зикрихудо Самадов, раиси ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Тоҷикистон гуфтааст, барои назорати марз ситоди доимамалкунанда таъсис дода шуд. Раиси ноҳияи Ишкошим мегӯяд, ҳоло ин гурӯҳҳо 13 то 15 километр аз марзи Тоҷикистон дуртар шудаанд.

Бошандагони ноҳияи Зебок изҳор доштаанд, ки агар ин минтақаро Толибон ҳифз кунанд, ба осонӣ метавонанд ба Покистон рафтуомад кунанд ва ҳамчунин дигар минтақаҳои Бадахшонро низ таҳдид намоянд. Вулусволии стратегии Зебок аз як тараф бо Читроли Покистон ва аз тарафи дигар бо ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад.

Қобили зикр аст, ки вулусволии Зебок дар 100-километрии шаҳри Файзобод — маркази вилояти Бадахшон қарор дошта ва аз тариқи роҳи Шоҳ Салим бо Читроли Покистон марз дошта бо вулусволиҳои Вардуҷ ва Ишкошими ин вилоят низ сарҳад дорад. Зебок дар ҳоле ба дасти Толибони мусаллаҳ суқут кард, ки беш аз як сол мешавад, ки ноҳияҳои Вардуҷ ва Юмгони вилояти Бадахшон низ таҳти ҳокимияти Толибон қарор доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

“Манбаи иттилои боэътимод!” Сокинон “Азия-Плюс”-ро чӣ гуна мешиносанд?

Инак, 30 сол мешавад, ки “Азия-Плюс” дар пайи инъикоси...

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?