Милитсионерҳои фарбеҳмондаро аз кор озод карданд

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Дар ҷараёни маъракаи охири соли гузашта эълоншуда барои кормандони милитсия дар мубориза бо вазни зиёдатӣ ба каме бештар аз 10 нафар харобшавӣ муяссар нагардида, онҳо аз сафҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ озод карда шудаанд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, се маротиба дар як ҳафта ҳамаи кормандон масофаи 5 километрро давида, ҳамчунин дигар […]

Дар ҷараёни маъракаи охири соли гузашта эълоншуда барои кормандони милитсия дар мубориза бо вазни зиёдатӣ ба каме бештар аз 10 нафар харобшавӣ муяссар нагардида, онҳо аз сафҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ озод карда шудаанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, се маротиба дар як ҳафта ҳамаи кормандон масофаи 5 километрро давида, ҳамчунин дигар машғулиятҳои ҷисмонӣ мегузаронанд. Аввали сол роҳбари вазорат дастур дода буд, ки вазни корманди милитсия бояд ба ҷадвали байнулмилалии таносуби синнусол ва қаду баст мутобиқат кунад»

 «Каме бештар аз 10 нафар аз оғози сол хароб шуда натавонистанд, – хабар дод як манбаъ ба «Азия-Плюс» аз ВКД. – Дигар кормандон аз 5 то 20 кило вазни худро кам карда, машғулиятҳои варзиширо идома медиҳанд, то ки боз харобтар шаванд».

Дар Вазорат ҳамчунин зикр карданд, ки маҳз аз ҷадвале истифода мекунанд, ки хабаргузории «Азия-Плюс» таҳия намуда буд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи декабри соли гузашта ба кормандони милитсия дастур дода шуд, ки дар сурати ба 168-170 см баробар будани қади корманди милитсия, вазни ӯ набояд аз 75 кило зиёдтар бошад. Он замон онҳоро огоҳ карда буданд, ки кормандон бо вазни зиёдатиро озод кардан аз кор интизор аст.

Зимни нишасти хабарии моҳи январи соли равон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки ҷиҳати ба таносуб овардани вазну қади кормандони милится дастур дода ва иҷрои ин дастурро комиссияи махсус назорат мекунад.

Баъди ин изҳороти вазир, хабаргузории «Азия-Плюс» ҷадвали таносуби синнусол ва қаду баст барои корманлдони милитсияро омода кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1930 – Дар Сталинобод (ҳоло Душанбе) корхонаи коркарди чӯб ба истеҳсоли маҳсулот оғоз кард. Соли 1931 – Бойгонии марказии давлатии Тоҷикистон таъсис...

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.