Муҷозот барои баргузории «Занги камолот» сангинтар шуд

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар бораи сангинтар кардани муҷозот нисбати мудирону омӯзгорони мактабҳо, ки дар онҳо чорабинии «Занги камолот» гузаронида мешавад, қарор қабул кард. Омӯзгорон мутобиқи Кодекси меҳнат – додани танбеҳ ё аз кор озод кардан ҷазо дода мешаванд. «Ҳамаи талошҳои манъи баргузор кардани чорабиниҳое чун «Занги охир», «Иди Алифбо» дар мактабҳо, […]

Ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар бораи сангинтар кардани муҷозот нисбати мудирону омӯзгорони мактабҳо, ки дар онҳо чорабинии «Занги камолот» гузаронида мешавад, қарор қабул кард. Омӯзгорон мутобиқи Кодекси меҳнат – додани танбеҳ ё аз кор озод кардан ҷазо дода мешаванд.

«Ҳамаи талошҳои манъи баргузор кардани чорабиниҳое чун «Занги охир», «Иди Алифбо» дар мактабҳо, «Хайр кӯдакистон», ки қаблан рӯи даст гирифта шуданд, натиҷае надода, идҳо хоҳ нохоҳ гузаронида мешуданд, аз падару модарон барои туҳфа ва дигар чизҳо маблағҳои зиёд ҷамъоварӣ мешуд, – гуфт ба «Азия-Плюс» сардори Раёсати маълумоти миёнаи умумии Вазорат Абдуҷаббор Алиев. – Барои хотима бахшидан ба ин амалҳо, мо қарор қабул карда, аз болои иҷрои он Раёсати кадрҳои Вазорат ва ҳамчунин Раёсатҳои маориф дар маҳалҳо назорат мекунанд».

Зикр гардид, ки нисбати мудирону омӯзгорони мактабҳо чораҳои интизомии шадид – эълони танбеҳ, танбеҳи қатъӣ ва ҳатто аз кор озод кардан андешида хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Алиев, чанде рӯз пеш як гурӯҳ падару модарон ба онҳо муроҷиат намуда, изҳор доштаанд, ки дар баъзе мактабҳо аллакай барои албоми акс ва туҳфа ба омӯзгорон ба ҷамъоварии маблағ шурӯъ кардаанд. «Дар ин робита, нисбати бархе аз мудирону омӯзгорони мактабҳо аллакай чора андешида шуда истодааст», – гуфт ӯ.

Намояндаи Вазорат ҳамчунин зикр кард, ки соли гузашта ва пештар низ аксари падару модарон аз бекор шудани ҷашни «Занги камолот» миннатдорӣ изҳор намуда, мегуфтанд, ки барои бо маблағ таъмин кардани фарзандони худ ҷиҳати баргузории он имкон надоранд.

Дар робита ба ҷамъомади тантанавӣ (линейка) Алиев шарҳ дод, ки он бояд ҳамчун як ҷамъомади муқаррарӣ доир гардида, дар он директрони мактабҳо дар бораи хатмкунандагон ва дигар масоили зарурии муассиса маълумот диҳанд.

«Бо хонандагоне, ки рӯзи 7 июн бо автомашинаҳо ба сайругашт мебароянд, кормандони БДА машғул хоҳанд шуд, – гуфт Алиев. – Мо ба Раёсати БДА дар ин бора мактуб мефиристем, то ки масъаларо пайгирӣ намоянд».

Тибқи қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ, соли хониши имсола санаи 7 июн ба итмом расида, дар ин рӯз дарсҳо мувофиқи ҷадвал гузаронида мешаванд. Шумори умумии хатмкунандагон имсол 124 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки аз соли 2013 соли хониш дар Тоҷикистон на 25 май, балки 7 июн ба охир мерасад. Соли 2015 қарор шуд, ки чорабинии занги охир ҳамагӣ 45 дақиқа – аз соати 8:00 то 8:45 дақиқа идома меёбад. Ҳамон вақт баргузории чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла зиёфта базмороиҳо дар тарабхонаҳо, ҷамъоварии маблағ барои туҳфа ба омӯзгорон, сайругаштҳои дастаҷамъона ва ғайра манъ шуда буд.

Соли 2016 вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид ҳамаи чорабиниҳои марбут ба «Занги камолот», аз ҷумла баргузории ҷамъомади тантанавӣ барои хатмкунандагони сигнфҳои 9 ва 11-ро манъ кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.