Муштзани тоҷик дар нимфинали мусобиқаи Чемпионати Осиё

Asia-Plus

Муштзани маъруфи кишвар Ҷаҳон Қурбонов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки дар пойтахти Узбекистон – шаҳри Тошканд ҷараён дорад, дирӯз – 3 май – Маҳмуд Саноуллоҳи покистониро бо ҳисоби 5:0 шикаст дода, ба нимфинал баромад ва ҳадди аққал соҳиби медали биринҷӣ мегардад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Ҷаҳон дар вазни […]

Муштзани маъруфи кишвар Ҷаҳон Қурбонов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки дар пойтахти Узбекистон – шаҳри Тошканд ҷараён дорад, дирӯз – 3 май – Маҳмуд Саноуллоҳи покистониро бо ҳисоби 5:0 шикаст дода, ба нимфинал баромад ва ҳадди аққал соҳиби медали биринҷӣ мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Ҷаҳон дар вазни 91 кило мусобиқаро аз чорякфинал оғоз кард. Рақиби ӯ дар нимфинал (5 май) Сумит Сангван аз Индонезия мебошад. 

Варзишгари дигари ҷумҳурии мо Шаббос Негматуллоев, ки дар вазни 81 кило дар рақобати аввалаш бар Ҳе Шао-Ҳуӣ (Тайбэй) бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард, 3 май дар рақобати дуюмаш аз муштзани узбекистонӣ Бектемир Мелиқузиев шикаст хурд.

Ҳамин тариқ, аз 8 намояндаи Тоҷикистон дар чемпионати бокси Осиё – Асрор Воҳидов (-56 кг), Баҳодур Усмонов (-60 кг), Фурқатҷони Одилхон (-64 кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (-75 кг), Бахтовар Сагизов (-52 кг), Шаббос Негматуллоев (-81 кг), Ҷаҳон Қурбонов (-91 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг), танҳо Ҷаҳон мусобиқаро идома медиҳад.

Ёдрас мешавад, ки дар чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардон 179 варзишгар аз 28 кишвар ширкат доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.