Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС – Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи намоиш таҳти унвони «Дар мубориза зидди миллатгароӣ мо ҳама якҷо будем» баргузор мешавад. Намоиш дар ҳамдастӣ бо Осорхонаи марказии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 (ш.Маскав) созмон дода шудааст. Оғоз соати 11-00; – Дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» рӯзҳои 4-6 май дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2017» намоиш-ярмаркаи […]

АНОНС

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи намоиш таҳти унвони «Дар мубориза зидди миллатгароӣ мо ҳама якҷо будем» баргузор мешавад. Намоиш дар ҳамдастӣ бо Осорхонаи марказии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 (ш.Маскав) созмон дода шудааст. Оғоз соати 11-00;

– Дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» рӯзҳои 4-6 май дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2017» намоиш-ярмаркаи маҳсулот ва хизматгузориҳо доир мегардад. Вақти кори намоиш-ярмарка аз соати 10:00 то 18:00 буда, воридшавӣ бепул аст.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.4998 сомонӣ;

1 евро – 9.2818 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1516 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1949 – Таъсиси Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО).

1935 – Мавриди истифода қарор гирифтани фабрикаи маъдантозакунӣ дар кони Такелӣ (дар қаламрави ҳозира ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд).

1992 – Ифтитоҳи Сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон.

2009 — Директори генералии ЮНЕСКО Коичиро Матсуура аз Тоҷикистон боздид намуда, ба Эмомалӣ Раҳмон медали тиллои ба номи Румиро тақдим кард.

1905-1943 – Зодрӯзи нависанда-ҷанговар Ҳаким Карим.

1912-1974 – Мавлуди шоир Тилло Пӯлодӣ.

1914-1985 – Зодрӯзи оҳангсоз, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабудуллоҳи Рӯдакӣ Зиёдулло Шаҳидӣ.

1932 – Мавлуди академик Рашид Раҳимов.

1944 – Зодрӯзи биолог Неъматулло Сафаров.

1955 – Мавлуди оҳангсоз Шариф Бедаков.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +12+17.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +27+32; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +21+26.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +3+8, рӯзона +17+22; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона +2+7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +16+21. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +26+28.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +28+30.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +17+19.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

“Манбаи иттилои боэътимод!” Сокинон “Азия-Плюс”-ро чӣ гуна мешиносанд?

Инак, 30 сол мешавад, ки “Азия-Плюс” дар пайи инъикоси...

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?