Шаҳрдорӣ: алҳол доир ба масъалаи «Полки ҷовидон» тасмим гирифта нашудааст

Наим Халимов

Доир ба масъалаи баргузор намудани раҳпаймоии «Полки ҷовидон» алҳол ҳеҷ қароре қабул нашудааст. Сухангӯи мақомоти шаҳрдории Душанбе Абдумаҷид Усмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки қарор дар ин хусус метавонад пеш аз 9 май қабул шавад ва ин салоҳияти раиси пойтахт мебошад. Дар ҳамин ҳол, муовини раиси Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорон Валӣ Сайёрбеков имрӯз […]

Доир ба масъалаи баргузор намудани раҳпаймоии «Полки ҷовидон» алҳол ҳеҷ қароре қабул нашудааст.

Сухангӯи мақомоти шаҳрдории Душанбе Абдумаҷид Усмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки қарор дар ин хусус метавонад пеш аз 9 май қабул шавад ва ин салоҳияти раиси пойтахт мебошад.

Дар ҳамин ҳол, муовини раиси Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорон Валӣ Сайёрбеков имрӯз ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки дарвоқеъ ҳам намедонад, ки дар ҷумҳурӣ раҳпаймоии «Полки ҷовидон» гузаронида мешавад ё не. Ҳамин тариқ ӯ аз гуфтаҳои пешини худ доир ба манъи ин чорабинӣ даст кашид.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки мақомоти шаҳрдории Душанбе ба баргузории раҳпаймоии «Полки ҷовидон» (Бессмертный полк) дар Душанбе, ки санаи 9 май аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии собиқадорон пешбинӣ гардида буд, иҷоза надод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.