Шабона дар Тоҷикистон боз заминларза рух дод

Asia-Plus

Соати 01:30 дақиқаи шаби гузашта дар қаламрави Тоҷикистон боз як заминларзаи нав рух дод. Талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст. Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, маркази заминҷунбӣ дар 263 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 30 километр дуртар аз ноҳияи Вахш воқеъ буда, қуввваи заминларза дар марказ – 5 балл, дар ноҳияи Лахш – 4 […]

Соати 01:30 дақиқаи шаби гузашта дар қаламрави Тоҷикистон боз як заминларзаи нав рух дод. Талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, маркази заминҷунбӣ дар 263 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 30 километр дуртар аз ноҳияи Вахш воқеъ буда, қуввваи заминларза дар марказ – 5 балл, дар ноҳияи Лахш – 4 балл ва шаҳри Душанбе – 2 баллро ташкил додааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфова хабар дод, тақрибан дар ҳамин вақт бар асари шамоли пуршиддат дар ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳодисаҳои осеби дарахтон ва боми як манзили зист ба қайд гирифта шуда, талафоти ҷонӣ нест.

Ёдрас мекунем, ки соати 09:47 дақиқаи рӯзи 3 июн низ дар қаламрави Тоҷикистон дар як дақиқа ду маротиба заминларза ба қайд гирифта шуда, маркази он километри 265 -уми шимолу шарқӣ аз шаҳри Душанбе дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон арзёбӣ шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.