Сафари ҳунарии Юлдуз Усмонова ба Тоҷикистон

Asia-Plus

Сарояндаи маъруфи ӯзбекистонӣ Юлдуз Усмонова тахминан баъди 20 май бо барномаи ҳунарӣ таҳти унвони «Бозгашти дӯст» ба Тоҷикистон меояд. Ин сароянда муддати 8 сол аз Тоҷикистон боздид накарда буд.

Масъули ташкил ва барузории консертҳо Мавлуда Раҳматова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ду консерти Юлдуз Усмонова рӯзҳои 24-25 май дар Душанбе доир гардида, «агар дигар масъалаҳои тадорукотӣ ҳал шаванд, дар шаҳрҳои Хуҷанду Турсунзода низ консертҳои сароянда баргузор мешаванд».

Ба гуфтаи ӯ, консертҳои сароянда дар Душанбе дар Амфитеатр доир мегарданд, зеро иҷораи толор дар маҷмааи «Кохи Борбад» хеле гарон меафтад.

«Барномаи консертии Юлдуз аз суруди писандидаи «Ошно» ва боз чандин дигар сурудҳои нави тоҷикӣ иборат аст, ки ба шеърҳои шоири тоҷик Орзу Исоев оҳанг баста шудаанд, – гуфт номбурда. – Продюсери баргузории консертҳо Марҳабо Азимӣ буда, арзиши билетҳо ба консерт аз 200 то 300 сомониро ташкил медиҳад».

М.Раҳматова қайд кард, ки Юлдуз Усмонова пешакӣ ба мусоҳиба дар радиои «Азия-Плюс» розигӣ дода, вале сана ва вақти дақиқи он алҳол маълум нест, чунки ҳоло масъалаи консертҳо дар Хуҷанд ва Турсунзода пурра ҳаллу фасл нашудааст.

«Мо ба ҳамаи шунавандагон доир ба оғоз ва ҷараёни сафари Юлдуз Усмонова ба Тоҷикистон ҳатман муфассалтар маълумот хоҳем дод, аз ин рӯ, ба радиои мо гӯш диҳед», – иброз дошт директори генералии радиои «Азия-Плюс» Парвона Аҳрорӣ.

Юлдуз Усмонова сарояндаи маъруфу писандидаи Ӯзбекистон, оҳангсоз, продюсер, Ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, Туркманистон ва Қазоқистон аст.

Репертуари ӯ беш аз 600 суруду тарона бо забонҳои ӯзбекӣ, туркӣ, уйғурӣ, қазоқӣ, тоторӣ, русӣ, тоҷикӣ, форсӣ ва дигар забонҳоро дар бар мегирад. Ба ҷуз Ӯзбекистон, албоми суруду таронаҳои ӯ дар Олмон, ИМА, Англия, Туркия ва Голландия ба нашр расида, теъдоди умумии нашри дискҳои ӯ ба зиёда аз 25 млн. нусха расидааст. Дар Тоҷикистон бори охирин Юлдуз Усмонова соли 2009 ҳунарнамоӣ карда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.