Эммануэл Макрон президенти Фаронса интихоб шуд

Номзади марказгаро ва тарафдори Иттиҳодияи Аврупо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса Эмманнуэл Макрон рақиби миллатгарояш Марин Ли Пенро ба осонӣ шикаст дод ва раиси ҷумҳур интихоб шуд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, бар асоси се назарсанҷии пас аз интихобот Макрон эҳтимолан 65 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст, ки ин як хабари хуш барои […]

Радиои Озодӣ

Номзади марказгаро ва тарафдори Иттиҳодияи Аврупо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса Эмманнуэл Макрон рақиби миллатгарояш Марин Ли Пенро ба осонӣ шикаст дод ва раиси ҷумҳур интихоб шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, бар асоси се назарсанҷии пас аз интихобот Макрон эҳтимолан 65 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст, ки ин як хабари хуш барои тамоми Иттиҳодияи Аврупо аст.

Дар ҳоле ки номзади марказгаро Эмануэл Макрон аз Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ мекунад, рақиби миллатгарои ифротии вай Марин Ли Пен тарафдори хориҷ шудан аз иттиҳодия аст ва мавзеъгирии сахтгирона дар баробари муҳоҷирон дорад. Раъйдиҳӣ дар Фаронса соати 6 субҳ ба вақти маҳаллӣ оғоз шуд ва дар бисёре аз манотиқ то соати 5 идома кард.

Эмануэл Макрон бо ҳамсараш Бриҷит Макрон дар шаҳри Ли Тике дар шимоли Фаронса ва хонум Ли Пен дар шаҳри Ҳенин Бемонт, як шаҳри хурди зери назорати ҳизбаш раъй дод. То нимарӯзии 7-уми май 28.23 дар сади мардум дар интихобот ширкат кардаанд, ки дар муқоиса ба интихоботи соли 2012 камтар будааст.

Эмануэл Макрон ва хонум Ли Пен дар даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 23-уми апрел аз номзадҳои аҳзоби умдаи сиёсии Фаронса раъйи бештар ба даст оварданд ва ба даври дуввум роҳ ёфтанд. Муборизаи сиёсӣ бо ҳамлаҳои лафзии тунд байни ду тараф сурат гирифт. Марин Ли Пени 48-сола рақиби 39-солаашро, намояндаи элитаи Фаронса номид ва гуфт, ки ӯ дар баробари тундгароии исломӣ ва дигар хатарҳо барои Фаронса мавзеъгирии нарм дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.