Веломарафони ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Asia-Plus

Ба муносибати ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон веломарафони ҷумҳуриявӣ доир мегардад, ки тамоми минтақаҳои кишварро ба пойтахт мепайвандад. Он тариқи 6 хатсайр гузаронида шуда, нуқтаи охиринаш шаҳри Душанбе хоҳад буд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ, намояндагони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бо теъдоди 7 нафарӣ аз Хоруғ, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Рашт ба шаҳри Душанбе ҳаракат намуда, ҳам дар веломарафони пойтахт, ҳамчун рамзи дӯстӣ ва ваҳдату якдилии ҷавонон, ҳамзамон дар рӯзи Давӣ миллӣ ва чорабиниҳои бошукӯҳи Ҳамоиши ҷавонону Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23 май низ ба намояндагӣ аз номи ҷавонони минтақаҳои кишвар иштирок менамоянд.

Хатсайрҳои марафон:

Хоруғ – Шуғнон – Рӯшон – Ванҷ – Дарвоз – Шамсиддин Шоҳин – Кӯлоб – Восеъ – Данғара – Норак – Ваҳдат – Душанбе;

Хуҷанд – Спитамен – Истаравшан –Шаҳристон – Айнӣ – Варзоб – Душанбе;

Кӯлоб – Восеъ – Данғара – Норак – Ваҳдат – Душанбе;

Рашт – Нуробод – Роғун – Файзобод – Ваҳдат – Душанбе;

Кӯрғонтеппа – Абураҳмони Ҷомӣ – Хуросон – Рӯдакӣ – Душанбе;

Турсунзода – Шаҳринав – Ҳисор – Душанбе.

Ҳамчунин ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки санаи 23 май ҷашн гирифта мешавад, дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт намоиши идона ва дар минтақаҳои кишвар консерту дигар чорабиниҳо баргузор мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...