Сохтмони нерӯгоҳи Роғун босуръат идома дорад. Президент қаноатманд аст

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Дар ҷараёни сафар ба шаҳри Роғун Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳо дар нақби сохтмонии қабати сеюм, ки аз иншооти асосии Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба шумор меравад, шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нақби мазкур 1 ҳазору 794 метр дарозӣ дошта, дар як сония имконияти ғунҷоиши 3 ҳазору 500 метри мукааб обро дорад. Дар нақби сохтмонии қабати сеюм аз даромадгоҳ то масофаи 994 метр тамоми корҳо пурра ба итмом расидааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо ҷараёни корҳои сохтмону васлгарӣ дар дарвозаҳои асосӣ-садамавӣ ва шафти моилии нақби сохтмонии қабати сеюм шинос шуда, ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дод. Таъкид шуд, ки моҳона ҳаҷми оҳану фулузоти васлу насбгардида дар нақби сохтмонии қабати сеюм ба ҳисоби миёна наздики 400 тоннаро ташкил дода, дар маҷмӯъ ин нишондод ба 4 ҳазору 191 тонна расидааст.

Дар идомаи боздиди корӣ Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Дастгоҳи пушидаи тақсимкунандаи элегазӣ шинос шуда, тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ҷараёни корҳои сохтмонӣ барои бунёди бинои Дастгоҳи пушидаи тақсимкунандаи элегазӣ тибқи нақша ҷараён дорад.

То имрӯз корҳои хокбардории минтақаи байни Бинои хизматӣ – саноатӣ ва бинои Дастгоҳи пушидаи тақсимкунандаи элегазӣ ба итмом расида, тадбирҳои бетонхобонӣ ва арматурбандӣ дар зербинои он идома дорад. Дар ин мавзеъ 4 ширкати сохтмонӣ бо ҷалби беш аз 300 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ дар 2 баст фаъолият доранд.

Сарвари давлат ҳамчунин бо рафти омодасозии генератори рақами 5,  толори мошинҳои нерӯгоҳ дар ин минтақаи муҳим – маҳалли асосии ҷойгиршавии агрегатҳо низ шинос шуд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки корҳои нақбканӣ, пармакунӣ ва гузоштани анкерҳо дар толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо, ки паҳлуи ҳам ҷойгиранд, бомаром ҷараён дорад. Толори мошинҳо 220 метр дарозӣ ва беш аз 67 метр баландӣ дошта, дар ин ҷо ҳамаи 6 агрегати тавлидкунандаи барқ насб карда мешавад.

Ғайр аз ин, Эмомалӣ Раҳмон ба шахтаи насосҳои обпарто ва бинои трансформаторҳо ташриф овард. Шахтаи насосҳои обпарто дар ҳудуди бинои трансформаторҳо воқеъ буда, яке аз нуқтаҳои асосии неругоҳ маҳсуб меёбад. Корҳои сохтмонӣ дар шахтаи насосҳои обпарто низ аз руи ҷадвали корӣ идома дорад. Дар бинои трансформаторҳо корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунии агрегатҳои 1-6 ва хобонидани бетони конструктивӣ иҷро шудааст.

Дар толори трансфарматорҳо айни ҳол беш аз 100 нафар фаъолият дорад. Дар маҷмуъ имрӯз дар бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун наздик ба 14 ҳазор нафар коргарону мутахассисони касбу кори гуногун ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти корҳо дар қитъаҳои гуногуни иншооти муҳим – Нерӯгоҳи Барқи Обии “Роғун” бо роҳбарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ мулоқоти самимию созанда доир кард.

Зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва кормандони муҳандисиву техникии нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» Президенти мамлакат таваҷҷуҳи коргарону мутахассисонро ба рафти иҷрои корҳо баҳри дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода додани агрегатҳои аввал ҷалб намуда, оид ба иҷрои корҳо ва нақшаи тадбирҳои бунёдӣ дар иншооти муҳим супориш дода шуд, ки масъалаи харидории таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва масолеҳи сохтмонӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шавад.

Зикр гардид, ки то имрӯз барои сохтмон ва барқарорсозии Нерӯгоҳи Барқи Обии “Роғун” зиёда аз 12 миллиард сомонӣ маблағ хароҷот шуда, соли ҷорӣ дар буҷети давлат 1,9 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...