Агентии зиддифасод: Холмуродзода ва Камолзода аз кор озод шудаанд

Asia-Plus

Фирӯз Холмуродзода ва Умед Камолзода аз кор дар мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия санаи 21 апрел озод карда шуданд.

Дар посухи директори Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ба дархости хаттии «Азия-Плюс» дар ин робита қайд мешавад, ки собиқ кормандони Агентӣ Холмуродзода ва Камолзода барои содир кардани амалҳои пастзанандаи шаъну эътибори кормандони ин мақомот аз кор озод шудаанд.

«Дар робита ба масъалаи оғоз ва тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати собиқ кормандони Агентӣ, ки дар дархостатон зикр шудааст, ба хотири халал нарасонидан ба ҷараёни тафтишот, то анҷоми он мо маълумоти муфассал дода наметавонем», – омадааст дар посух.

Дар бораи ҳабси Фирӯз Холмуродзода, собиқ сардори Раёсати тафтишоти Агентии зиддифасод санаи 25 апрел маълумот интишор шуд. Тибқи маълумоти манбаъҳои «Азия-Плюс», Холмуродзода рӯзи 15 апрел боздошт шуда, дар ҳамн ҳол аз сабукдӯшиаш шахсан 14 апрел огоҳ шудааст. Рӯзи дигар ӯ дар кӯча боздошт шуд.

Рӯзи 11 май Радиои Озодӣ хабар дод, ки вазъи саломатии Фирӯз Холмуродзода вазнин шуда, дар ҳафтаҳои охир ҳадди ақал ду бор дучори сактаи қалбӣ шудааст. Барои табобаташ аз бемористони “Шаҳраки тиббӣ” пизишконро даъват карданд.

Санаи 25 апрел собиқ муовини директори Агентӣ Давлатбек Хайрзода дар Хуҷанд боздошт шуд. Моҳи январи соли равон ӯ ба нафақа фиристода шуда буд.

Зикр гардида буд, ки боз яке аз кормандони Агентӣ – Умед Камолзода мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст. Падари Камолзода ба ВАО иттилоъ дод, ки ҳарчанд писараш аз кор дар Агентӣ озод шуда бошад ҳам, вале дар хона аст. Баъдтар дар бораи боздошти ӯ хабар мунташир шуда, вале тасдиқи ин маълумот то ҳол ғайриимкон аст.

Аз рӯи ин парванда рӯзи 1 май кормандони КДАМ муовини сардори Раёсати Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд Фаридун Беназирзодаро дар кабинети кориаш боздошт карданд. То соли 2015 Беназирзода ба ҳайси муовини сардори Раёсати Агентии зиддифасод дар шаҳри Душанбе кор мекард. Аз Хадамоти гумрук хабар доданд, ки Беназирзода аз кор озод шудааст.

Аз боздошту ҳабси кормандони воломақоми Агентии зиддифасод аллакай ду ҳафта сипарӣ шуда, вале ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ хомӯширо пеша кардаанд ва ба ҳеҷ гунае вазъро шарҳ намедиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, ин хомӯшӣ аллакай номуносиб аст – эҳсосе пайдо мешавад, ки бидуни огаҳии ҷомеа касе бо касе гуфтушунид дорад. Хомӯшии тӯлонӣ атрофи ин масъала овоза ва саволҳои зиёдеро ба миён мегузорад. “Шояд дар ҷараёни тафтишот ҳолатҳое ва ё шахсоне рӯйи кор омада бошанд, ки худи ташаббускорони ин амалиёт интизорӣ надоштанд?”, – мепурсанд аз мо хонандагон.

Мо намедонем, ки ба онҳо чӣ посухе бидиҳем, вале бар ин назарем, ки маслиҳати муборизи соҳибтаҷриба бо коррупсия – аввалин нахуствазири Сингапур ба ҳукуматдорони мо барои қабули қарори дуруст дар ин вазъ кумак мекунад. Ли Куан Ю (1923-2015) муаллифи “муъҷизаи иқтисодӣ”-и Сингапур ва ислоҳотчии маъруф аст, ки ба ба коррупсия дар кишвараш ғолиб омада буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...